ВУХ Тоҷикистон дар бораи дафтари Аҳмади Масъуд дар Душанбе иттилое надорад

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото
Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дар бораи ифтитоҳи дафтари муқовимати Афғонистон дар Душанберо шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 30 октябрь — Sputnik. Вазорати хориҷии Тоҷикистон дар бораи ифтитоҳи дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Душанбе иттилоъе надорад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба хадамоти матбуотии ин ниҳод.
"Мо дар бораи ифтитоҳи дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар пойтахти Тоҷикистон ҳеҷ иттилое надорем", - гуфт манбаъ.
Пештар чанде аз расонаҳои дохилию хориҷӣ дар Тоҷикистон бо такя ба як манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе аз ифтитоҳи дафтари ҶММ дар пойтахти Тоҷикистон хабар дода буданд.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Дафтари Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд, на Ҷабаҳи муқовимат: Вокуниши раис
Намояндагии Шӯрои Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2018 сабти ном ва Замонуддин Аҳмадӣ, раиси ин намояндагӣ таъйин шуда буд. Ин бунёд дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ба фаъолиятҳои фарҳангӣ ва хайриявӣ машғул аст.
Қаблан ин хабар нашр шуда буд, ки Вазорати адлияи Амрико муҷаввизи ифтитоҳи намояндагии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд дар Вашингтонро содир кард.
Гурӯҳи “Толибон”* ҳанӯз 15 августи соли равон Кобул – пойтахти Афғонистонро забт ва “Иморати исломӣ”-и худро эълон карда буд.
Ахмад Масъуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Амрико ба Ҷабҳаи муқовимати Аҳмади Масъуд иҷозатномаи фаъолият дод
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад. Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо “Толибон”* муқовимат мекунанд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0