Дафтари Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд, на Ҷабаҳи муқовимат: Вокуниши раис

© Политический офис Ахмада МасудаАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Обуна шудан
Раиси Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд мавҷудияти дафтари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Душанберо рад кард
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки дар шаҳри Душанбе дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон боз шудааст.
Аҳмад Валӣ Масъуд, раиси Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар Тоҷикистон ин бунёд чанд сол пеш сабти ном шуда ва тақрибан як соли қабл омодагиҳо барои кушодани дафтар шуруъ шуда буд.

“Аммо ба далели вазъияте, ки дар Афғонистон пеш омад, бахусус нооамнии кишвар ин тарҳ ба таъхир уфтод. Пас аз суқути Кобул, ки дафтари марказии бунёд қарор дорад, кораш ҳам қатъ шуд. Мо тасмим гирифтем, ки кори намояндагиамонро дар Тоҷикистон шуруъ кунем. Аз ин хотир дафтаре, ки дар Тоҷикистон ҳаст, марбути бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд аст, на Ҷабҳаи муқовимаити милии Афғонистон”, - гуфт Аҳмад Валӣ

Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон ҳам дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон мавҷудияти дафтари ҷабҳаро рад карданд. Қаблан Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон низ мавҷудияти дафтар дар шаҳри Душанберо рад карда буд.
Ахмад Масъуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Амрико ба Ҷабҳаи муқовимати Аҳмади Масъуд иҷозатномаи фаъолият дод
Намояндагии Шӯрои Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2018 сабти ном ва Замонуддин Аҳмадӣ, раиси ин намояндагӣ таъйин шуда буд. Ин бунёд дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ба фаъолиятҳои фарҳангӣ ва хайриявӣ машғул аст.
Қаблан ин хабар нашр шуда буд, ки Вазорати адлияи Амрико муҷаввизи ифтитоҳи намояндагии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд дар Вашингтонро содир кард.
Гурӯҳи “Толибон”* ҳанӯз 15 августи соли равон Кобул – пойтахти Афғонистонро забт ва “Иморати исломӣ”-и худро эълон карда буд.
Махмадтоир Зокирзода, глава Маджлиси намояндагон, нижняя палата парламента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Зокирзода: Тоҷикистон ҷонибдори истиқрори сулҳу ваҳдати ҷомеа дар Афғонистон аст
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад. Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо “Толибон”* муқовимат мекунанд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0