https://sputnik.tj/20211027/tojikiston-afghoniston-jang-shahrvandi-tahdid-1043129250.html
ВУХ Тоҷикистон: Афғонистонро ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ таҳдид мекунад
ВУХ Тоҷикистон: Афғонистонро ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ таҳдид мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, бетаваҷҷуҳии ҷаҳониён ба вазъ дар Афғонистон метавонад ба "ҷанги нави шаҳрвандӣ" мунҷар шавад
2021-10-27T18:00+0500
2021-10-27T18:00+0500
2021-10-27T19:21+0500
афғонистон
теҳрон
ҷанги шаҳрвандӣ
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0e/1042832886_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_c5a648e473ebcc01c5f8cd15140bf058.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар бораи вахомати авзоъ ва натоиҷи он дар Афғонистон изҳори назар кард. Вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон дар бораи бетаваҷҷуҳии ҷаҳониён ба мушкилоти Афғонистон гуфт. Сироҷиддини Муҳриддин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба авзоъ дар Афғонистон метавонад боиси "ҷанги нави тӯлонии дохилӣ" шавад. Қобили зикр аст, ки дар нишасти вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон вузарои умури хориҷии Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ширкат мекунанд. Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дидору гуфтугӯ дошт. Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунии минтақа, аз ҷумла авзои марзи Афғонистон табодули назар карданд. Раисҷумҳури Эрон гуфт, давлати ӯ ҷонибдори он аст, ки Афғонистон ба "ташкили ҳукумати фарогир" бирасад. ВКХ Тоҷикистон аз фаъолшавии террористҳо дар наздикии марз бо Афғонистон хабар додБа гуфтаи ӯ, ин барои таъмини амнияти кишвар, хотима бахшидан ба ҷанг ва бародаркушӣ муҳим аст. Душанбе ва Теҳрон дар мавриди ҳамоҳангӣ ва ташкили мавзеъгирии муштарак дар бораи Афғонистон ба мувофиқа расиданд.
https://sputnik.tj/20211027/tojikiston-tolibon-etirof-namekunad-1043126982.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0e/1042832886_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_742b10309cc8133cecd2dced43508cb6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сироҷиддин муҳриддин, афғонистон,
сироҷиддин муҳриддин, афғонистон,
ВУХ Тоҷикистон: Афғонистонро ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ таҳдид мекунад
18:00 27.10.2021 (Навсозишуда: 19:21 27.10.2021) Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, бетаваҷҷуҳии ҷаҳониён ба вазъ дар Афғонистон метавонад ба "ҷанги нави шаҳрвандӣ" мунҷар шавад
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар бораи вахомати авзоъ ва натоиҷи он дар Афғонистон изҳори назар кард.
Вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон дар бораи бетаваҷҷуҳии ҷаҳониён ба мушкилоти Афғонистон гуфт.
Сироҷиддини Муҳриддин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба авзоъ дар Афғонистон метавонад боиси "ҷанги нави тӯлонии дохилӣ" шавад.
"Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ҳарчи зудтар барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсии кишвар тавассути музокирот талош кунанд", - гуфт вазири хориҷаи Тоҷикистон.
Қобили зикр аст, ки дар нишасти вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон вузарои умури хориҷии Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ширкат мекунанд.
Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дидору гуфтугӯ дошт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунии минтақа, аз ҷумла авзои марзи Афғонистон табодули назар карданд.
Раисҷумҳури Эрон гуфт, давлати ӯ ҷонибдори он аст, ки Афғонистон ба "ташкили ҳукумати фарогир" бирасад.
Ба гуфтаи ӯ, ин барои таъмини амнияти кишвар, хотима бахшидан ба ҷанг ва бародаркушӣ муҳим аст.
Душанбе ва Теҳрон дар мавриди ҳамоҳангӣ ва ташкили мавзеъгирии муштарак дар бораи Афғонистон ба мувофиқа расиданд.