https://sputnik.tj/20211030/davati-vladimir-putin-etirofi-vaksina-koronavirus-1043187271.html
Даъвати Владимир Путин аз эътирофи шаҳодатномаҳои ваксинаҳо бар зидди коронавирус
Даъвати Владимир Путин аз эътирофи шаҳодатномаҳои ваксинаҳо бар зидди коронавирус
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия, кишварҳои G20 бояд масъалаи эътирофи шаҳодатномаҳои ваксинаҳо бар зидди коронавирусро бояд ҳарчи зудтар эътироф кунанд
2021-10-30T21:00+0500
2021-10-30T21:00+0500
2021-11-01T13:52+0500
владимир путин
эътироф
шаҳодатнома
дар русия
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1e/1043186748_0:63:3418:1986_1920x0_80_0_0_5b269f1ed4b702c4486bef12d5e75b5d.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бояд қабули қарорҳо дар бораи бехатарии ваксинаҳо ва доруҳои навро суръат бахшад."Мо пешниҳод менамоем, ба вазоратҳои тандурустии кишварҳои G20 дастур диҳанд, ки ҳарчи зудтар масъалаи эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои миллии ваксинаҳоро баррасӣ намоянд", - гуфт Путин дар нишасти G20.Путин афзуд, "дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт масъалаи муҳиме вуҷуд дорад, ки тибқи он, бояд раванди аз нав муайян кардани ваксинаҳои нав, яъне ба арзёбии сифати бехатарӣ ва самаранокии онҳоро суръат бахшад"."Ман итминон дорам, ки ҳар қадар зудтар ин кор анҷом дода шавад, ҳамон қадар барқарор кардани тиҷорати ҷаҳонӣ ва аз ҷумла фаъолияти сайёҳии аз ҳама осебдида осонтар мешавад", - таъкид кард президенти Русия.Вай ёдовар шуд, ки ба далели рақобати беинсофона то ҳол на ҳама кишварҳои ҷаҳон метавонанд ба ваксина ва дигар манобеъ дастрасӣ пайдо кунанд ва таъкид кард, ки ваксинаи “Спутник V”-и русӣ бехатарию самаранокии баландро бар зидди коронавирус нишон додааст.Раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки ваксинаи "Спутник V" дар 70 кишвари ҷаҳон, ки дар онҳо чаҳор миллиард нафар зиндагӣ мекунанд, пазируфта шудааст. Ваксинае, ки олимони Маркази Гамалея таҳия кардаанд, бехатарӣ ва самаранокии худро исбот кардааст.Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти G20 дар шакли маҷозӣ баромад кард.Ин нишаст рӯзҳои 30-31-уми октябр дар Рум баргузор шуд.
https://sputnik.tj/20211017/nom-vaksina-covid-navrason-rusiya-1042915917.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1e/1043186748_345:0:3074:2047_1920x0_80_0_0_d2985fe5c65d2556d283ff86746bc113.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, владимир путин, ваксина, пешниҳод, шаҳодатнома
русия, владимир путин, ваксина, пешниҳод, шаҳодатнома
Даъвати Владимир Путин аз эътирофи шаҳодатномаҳои ваксинаҳо бар зидди коронавирус
21:00 30.10.2021 (Навсозишуда: 13:52 01.11.2021) Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия, кишварҳои G20 бояд масъалаи эътирофи шаҳодатномаҳои ваксинаҳо бар зидди коронавирусро ҳарчи зудтар эътироф кунанд
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бояд қабули қарорҳо дар бораи бехатарии ваксинаҳо ва доруҳои навро суръат бахшад.
"Мо пешниҳод менамоем, ба вазоратҳои тандурустии кишварҳои G20 дастур диҳанд, ки ҳарчи зудтар масъалаи эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои миллии ваксинаҳоро баррасӣ намоянд", - гуфт Путин дар нишасти G20.
Путин афзуд, "дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт масъалаи муҳиме вуҷуд дорад, ки тибқи он, бояд раванди аз нав муайян кардани ваксинаҳои нав, яъне ба арзёбии сифати бехатарӣ ва самаранокии онҳоро суръат бахшад".
"Ман итминон дорам, ки ҳар қадар зудтар ин кор анҷом дода шавад, ҳамон қадар барқарор кардани тиҷорати ҷаҳонӣ ва аз ҷумла фаъолияти сайёҳии аз ҳама осебдида осонтар мешавад", - таъкид кард президенти Русия.
Вай ёдовар шуд, ки ба далели рақобати беинсофона то ҳол на ҳама кишварҳои ҷаҳон метавонанд ба ваксина ва дигар манобеъ дастрасӣ пайдо кунанд ва таъкид кард, ки ваксинаи “Спутник V”-и русӣ бехатарию самаранокии баландро бар зидди коронавирус нишон додааст.
Раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки ваксинаи "Спутник V" дар 70 кишвари ҷаҳон, ки дар онҳо чаҳор миллиард нафар зиндагӣ мекунанд, пазируфта шудааст. Ваксинае, ки олимони Маркази Гамалея таҳия кардаанд, бехатарӣ ва самаранокии худро исбот кардааст.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти G20 дар шакли маҷозӣ баромад кард.
Ин нишаст рӯзҳои 30-31-уми октябр дар Рум баргузор шуд.