https://sputnik.tj/20211030/amniyat-sarhad-terrorizm-muloqot-muhriddin-saha-1043180287.html
Аз амнияти сарҳадӣ то мавзуи терроризм: мулоқоти Муҳриддин бо намояндагони САҲА
Аз амнияти сарҳадӣ то мавзуи терроризм: мулоқоти Муҳриддин бо намояндагони САҲА
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Ассамблеяи Парламентии САҲА дар Аврупо Маргарета Седерфелт ва ҳайати ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари кори ба Тоҷикистон омадаанд бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон доираи васеи масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ кард
2021-10-30T15:00+0500
2021-10-30T15:00+0500
2021-11-01T12:52+0500
дар тоҷикистон
саҳа
амнияти марзҳо
вазири хориҷа
мулоқот
терроризм
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1e/1043180230_0:17:1201:692_1920x0_80_0_0_7f6c15284ee251167f995ac5fee62189.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ахиран Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон бо раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Маргарета Седерфелтро дидору гуфтугӯ анҷом дод.Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили зиёде аз ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Таъкид шудааст, ки тарафҳо таҳкими ҳамкории байнипарлумониро барои тавсеаи муносибатҳо муҳим хонданд.Ҳамзамон Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон илова кардааст, ки тарафҳо масъалаҳои ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷомеаро низ муҳокима карданд.Тоҷикистон моҳи феврали соли 1992 Санади хотимавии Хелсинкиро имзо намуд. Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз соли 1994 оғоз ёфт.Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид. Аз соли 2000-ум нозирони САҲА ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.Айни ҳол ҳамкорӣ бо САҲА бо назардошти дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва афзалиятҳои кишвар дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ, бахусус дар самтҳои ислоҳоти милитсия, пешгирии коррупсия, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, зӯроварӣ дар оила, масъалаҳои гендерӣ, ҳуқуқи инсон, масъалаҳои сарҳадӣ, поксозии башардӯстонаи минаҳо ва иқтисодию экологӣ дар сатҳи лозима қарор дорад.
https://sputnik.tj/20211029/zokirzoda-tojikiston-jonibdor-istiqror-sulh-vahdat-afghoniston-1043162877.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1e/1043180230_55:0:1082:770_1920x0_80_0_0_ab7d49157468f1990424e544ae63dddc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистолн, саҳа, ҳамкорӣ, терроризм, амният марз, сироҷидддин муҳриддин, вазири хориҷа
тоҷикистолн, саҳа, ҳамкорӣ, терроризм, амният марз, сироҷидддин муҳриддин, вазири хориҷа
Аз амнияти сарҳадӣ то мавзуи терроризм: мулоқоти Муҳриддин бо намояндагони САҲА
15:00 30.10.2021 (Навсозишуда: 12:52 01.11.2021) Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Маргарета Седерфелт ва ҳайати ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари кори ба Тоҷикистон омадаанд, бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон доираи васеи масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ахиран Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон бо раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Маргарета Седерфелтро дидору гуфтугӯ анҷом дод.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили зиёде аз ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид шудааст, ки тарафҳо таҳкими ҳамкории байнипарлумониро барои тавсеаи муносибатҳо муҳим хонданд.
“Ғайр аз ин мусоҳибон аҳамияти муқовимати муштаракро алайҳи чолишҳои муосир, аз қабили таъсири ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа таъкид намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон илова кардааст, ки тарафҳо масъалаҳои ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷомеаро низ муҳокима карданд.
Тоҷикистон моҳи феврали соли 1992 Санади хотимавии Хелсинкиро имзо намуд. Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз соли 1994 оғоз ёфт.
Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид. Аз соли 2000-ум нозирони САҲА ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Айни ҳол ҳамкорӣ бо САҲА бо назардошти дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва афзалиятҳои кишвар дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ, бахусус дар самтҳои ислоҳоти милитсия, пешгирии коррупсия, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, зӯроварӣ дар оила, масъалаҳои гендерӣ, ҳуқуқи инсон, масъалаҳои сарҳадӣ, поксозии башардӯстонаи минаҳо ва иқтисодию экологӣ дар сатҳи лозима қарор дорад.