Зокирзода: Тоҷикистон ҷонибдори истиқрори сулҳу ваҳдати ҷомеа дар Афғонистон аст

© Глава Маджлиси намояндагон маджлиси оли РТМахмадтоир Зокирзода, глава Маджлиси намояндагон, нижняя палата парламента Таджикистана
Махмадтоир Зокирзода, глава Маджлиси намояндагон, нижняя палата парламента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Обуна шудан
Раиси парлумони Тоҷикистон дар дидор бо раиси Маҷмаи парлумонии САҲА таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсию қавмии Афғонистон барои таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистонро пешниҳод менамояд
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ахиран дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо Маргарета Седерфелт, раиси Маҷмаи парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки бо сафари кори ба Тоҷикистон омадааст, баргузор шудааст, иттилоъ дод сухангӯи парлумон Муҳаммадато Султонов.
Зимни мулоқот раиси парлумони Тоҷикистон ба масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир кардааст.
Зокирзода таъкид кардааст, ки Тоҷикистон мисли ҳамеша сидқан ҷонибдори истиқрори сулҳи комилу пойдор ва ваҳдати ҷомеа дар кишвари дӯсту бародар Афғонист мебошад.
Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Муҳриддин аз ҷойгоҳи тоҷикону эътирофи "Толибон"* гуфт: Ба расмият намешиносем
Вай афзуд, ки таъмини амнияту оромии Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи ин кишвар вобаста аст.
“Тоҷикистон ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмии Афғонистон дар ҷиҳати таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистонро пешниҳод менамояд. Ман фикр мекунам, ки ҳатто хурдтарин кумак ба ин кишвари азияткашида, хурдтарин иқдом ҷиҳати ободонии он барои гузоштани боз як қадами дигар ба пеш дар самти рушд ва раҳоӣ ёфтани он аз мушкилоти мавҷуда мусоидат хоҳад кард”, - таъкид дошт раиси парлумони Тоҷикистон.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, дар мулоқот таъкид гардид, ки парлумони САҲА шарики муҳими байналмилалӣ барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва сатҳи бадастомадаи ҳамкориҳоро бо шарикони аврупоӣ дар тамоми соҳаҳо, хусусан дар соҳаҳои иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг хуб арзёбӣ мешавад.
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Муҳриддин: Тоҷикистон ҳукумати фарогирро дар Афғонистон эътироф мекунад
Зокирзода гуфтааст, Тоҷикистон мутобиқ ба принсипҳои САҲА ҷиҳати решакан кардани терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ хоҳони ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин масоили зиёди марбут ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни парлумонҳо мавриди муҳокима қарор доданд.
Лентаи хабарҳо
0