https://sputnik.tj/20211003/muhriddin-tojikiston-hukumati-farogirro-afghoniston-etirof-1042621012.html
Муҳриддин: Тоҷикистон ҳукумати фарогирро дар Афғонистон эътироф мекунад
Муҳриддин: Тоҷикистон ҳукумати фарогирро дар Афғонистон эътироф мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки мақомоти нави Афғонистон бояд ваъдаҳои сиёсие, ки қаблан дода буданд иҷро намоянд
2021-10-03T12:23+0500
2021-10-03T12:23+0500
2021-10-03T12:23+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
толибон
смм
осиёи марказӣ
эътироф
антониу гуттериш
ҳукумат
дабири кулли смм
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0f/1032830073_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_315cd72ada3dad7ee6a61b7f8931dd32.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк дар мулоқот бо Антониу Гутерреш, Дабири кулли СММ гуфт, ки Тоҷикистон танҳо як ҳукумати фарогирро дар Афғонистон эътироф мекунад.Манбаъ қайд кардааст, зимни мулоқот ҳамсуҳбатон ба расонидани кумаки фаврии гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои роҳ надодан ба фоҷеаи гуманитарӣ дар ин кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.Ҳамзамон хабар дода шудааст, ки зимни суҳбат ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону СММ-ро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, сиёсӣ, иқтисодию-иҷтимоӣ, гуманитарӣ, муҳитизистӣ ва амният мавриди баррасӣ қарор дода, аҳаммияти таҳкими равобити бисёрҷонибаро таъкид карданд.“Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, инчунин вокуниши муассир ба паёмадҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот буданд”, -илова кардааст ВУХ Тоҷикистон.Бояд гуфт, ки Тоҷикистон роҷеъ ба вазъи Афғонистон мавқеи хос дорад. Мақомоти Тоҷикистон борҳо таъкид карданд, ки дар Афғонистон бояд як ҳукумати ҳамашумул, бо ҳузури ҳамаи ақвоми ин кишвар ташкил карда шавад.Сарфи назар аз он, ки қариб ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз мақомоти навтаъйини Афғонистон чунин талаботро пеш гузоштаанд, “Толибон”* борҳо дар бораи Тоҷикистон изҳороти тунди сиёсӣ кардаанд ва ҳамчунин дар бораи интиқоли нерӯҳои мусаллаҳ ба шимоли кишвар хабар дода мешавад.* - ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ.
https://sputnik.tj/20211002/tojikiston-smm-muhriddin-guterrish-suhbat-1042611279.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0f/1032830073_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_d4231890daa7321d6d91831bdf070238.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, ҳукумати ҳамашумул, эътироф, ҳукумат, толибон
тоҷикистон, афғонистон, ҳукумати ҳамашумул, эътироф, ҳукумат, толибон
Муҳриддин: Тоҷикистон ҳукумати фарогирро дар Афғонистон эътироф мекунад
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки мақомоти нави Афғонистон бояд ваъдаҳои сиёсие, ки қаблан дода буданд иҷро намоянд
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк дар мулоқот бо Антониу Гутерреш, Дабири кулли СММ гуфт, ки Тоҷикистон танҳо як ҳукумати фарогирро дар Афғонистон эътироф мекунад.
“Тоҷикистон ҳукумати фарогирро бо шумули ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ ва қавмӣ дар Афғонистон эътироф мекунад”, - зикр кард Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон
Манбаъ қайд кардааст, зимни мулоқот ҳамсуҳбатон ба расонидани кумаки фаврии гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои роҳ надодан ба фоҷеаи гуманитарӣ дар ин кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамзамон хабар дода шудааст, ки зимни суҳбат ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону СММ-ро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, сиёсӣ, иқтисодию-иҷтимоӣ, гуманитарӣ, муҳитизистӣ ва амният мавриди баррасӣ қарор дода, аҳаммияти таҳкими равобити бисёрҷонибаро таъкид карданд.
“Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, инчунин вокуниши муассир ба паёмадҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот буданд”, -илова кардааст ВУХ Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон роҷеъ ба вазъи Афғонистон мавқеи хос дорад. Мақомоти Тоҷикистон борҳо таъкид карданд, ки дар Афғонистон бояд як ҳукумати ҳамашумул, бо ҳузури ҳамаи ақвоми ин кишвар ташкил карда шавад.
Сарфи назар аз он, ки қариб ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз мақомоти навтаъйини Афғонистон чунин талаботро пеш гузоштаанд, “Толибон”* борҳо дар бораи Тоҷикистон изҳороти тунди сиёсӣ кардаанд ва ҳамчунин дар бораи интиқоли нерӯҳои мусаллаҳ ба шимоли кишвар хабар дода мешавад.
* - ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ.