https://sputnik.tj/20211029/kohish-rubl-va-dollar-tojikiston-1043158080.html
Коҳиши арзиши рубл пас аз чор ҳафтаи болоравӣ: бозори арзи Тоҷикистон
Коҳиши арзиши рубл пас аз чор ҳафтаи болоравӣ: бозори арзи Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Давоми ду рӯз дар Тоҷикистон арзиши пули русӣ нисбат ба сомонӣ каме коҳиш ёфт
2021-10-29T11:15+0500
2021-10-29T11:15+0500
2021-10-29T20:32+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
рубл
сомонӣ
доллар
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0d/1031889697_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_4da0db072d2b5dc499f671647521396e.jpg
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Қурби пули русӣ ва доллар дар Тоҷикистон каме коҳиш ёфт.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон поён рафта, ҳоло 1000 рубл ба 159 сомонию 20 дирам баробар шудааст.Ин дар ҳолест, ки ду дар рӯзи гузашта дар кишвар барои 1000 рубл 161 сомонию 50 дирам медоданд.Бояд гуфт, бо вуҷуди ин асъори русӣ давоми чор ҳафта беш аз 7 сомонӣ боло рафт, ки чунин нишондиҳанда дар гузашта ба сабт нарасидааст.Доллар бошад, нисбат ба нишондиҳандаҳои ду рӯзи гузашта (11.2450) боз коҳиш ёфта, ки ҳоло дар кишвар бар иваз як доллар 11.2395 сомонӣ медиҳанд.Асъори аврупоӣ низ давоми як моҳи ахир дар ҳоли ноустувор қарор дорад ва ҳоло дар Тоҷикистон барои 1 евро 13.0255 сомонӣ муқаррар шудаастДар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:Иқтисоддон гуфт, ки аз доллар дар соли 2022 чиро интизор бояд шудБонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкомату терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20211028/sana-jahish-qurb-dollar-malum-1043144461.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0d/1031889697_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_acf48a022d6a3005c6596a637ff8829f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурби асъор, тоҷикистон, коҳиш,
қурби асъор, тоҷикистон, коҳиш,
Коҳиши арзиши рубл пас аз чор ҳафтаи болоравӣ: бозори арзи Тоҷикистон
11:15 29.10.2021 (Навсозишуда: 20:32 29.10.2021) Давоми ду рӯз дар Тоҷикистон арзиши пули русӣ, ки чор ҳафта боз дар афзоиш аст, каме коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Қурби пули русӣ ва доллар дар Тоҷикистон каме коҳиш ёфт.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон поён рафта, ҳоло 1000 рубл ба 159 сомонию 20 дирам баробар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ду дар рӯзи гузашта дар кишвар барои 1000 рубл 161 сомонию 50 дирам медоданд.
Бояд гуфт, бо вуҷуди ин асъори русӣ давоми чор ҳафта беш аз 7 сомонӣ боло рафт, ки чунин нишондиҳанда дар гузашта ба сабт нарасидааст.
Доллар бошад, нисбат ба нишондиҳандаҳои ду рӯзи гузашта (11.2450) боз коҳиш ёфта, ки ҳоло дар кишвар бар иваз як доллар 11.2395 сомонӣ медиҳанд.
Асъори аврупоӣ низ давоми як моҳи ахир дар ҳоли ноустувор қарор дорад ва ҳоло дар Тоҷикистон барои 1 евро 13.0255 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2395 то 11.2500 сомонӣ;
1 евро аз 13.0509 то 13.2300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1592 то 0.1610 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкомату терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.