https://sputnik.tj/20211027/rusiya-afghoniston-doru-ghizo-1043124592.html
Русия ба Афғонистон дору ва ғизо мефиристад
Русия ба Афғонистон дору ва ғизо мефиристад
Sputnik Тоҷикистон
Афғонистон барои фиристодани ғизо ва дору ба Афғонистон оодагӣ мебинад
2021-10-27T16:45+0500
2021-10-27T16:45+0500
2021-10-27T16:50+0500
русия
афғонистон
сергей лавров
кӯмаки башардӯстона
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102955/73/1029557322_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d61503b7250765340c7948982478e699.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия ният дорад, дар ояндаи наздик ба Афғонистон кумаки башардӯстона фиристад. Вай дар ин бора зимни суханронӣ дар нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон (Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон), ки рӯзи 27 октябр дар Теҳрон баргузор шуд, иттилоъ дод. Кумаки башардӯстона аз ғизо, доруворӣ ва молҳои зарурӣ иборат хоҳад буд. Лавров замони фиристодани кумакро мушаххас накард. Қаблан раҳбарони G20 тасмим гирифта буданд, ки ба Афғонистон кумаки башардӯстона фиристанд. Ҳамин тариқ зарурати расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон тавассути созмонҳои мустақили байналмилалӣ садо дод.Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июн, баробари хуруҷи нерӯҳои Амрико муташанниҷ шуд. То нимаи моҳи август "Толибон"* ҳама шаҳрҳои бузурги Афғонистонро ишғол кард.Ҳамзамон, ҷангҷӯён кафолат доданд, ки нияти ҳамла ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Миёнаро надоранд. * - созмони террористи мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211027/tolibon-aholii-afghonistonro-sarshumori-1043121911.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102955/73/1029557322_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_73d19b3c7d8e356a720c44a9f7b6a748.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, кумак, башардӯстона, русия,
афғонистон, кумак, башардӯстона, русия,
Русия ба Афғонистон дору ва ғизо мефиристад
16:45 27.10.2021 (Навсозишуда: 16:50 27.10.2021) Русия барои фиристодани ғизо ва дору ба Афғонистон омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия ният дорад, дар ояндаи наздик ба Афғонистон кумаки башардӯстона фиристад.
Вай дар ин бора зимни суханронӣ дар нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон (Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон), ки рӯзи 27 октябр дар Теҳрон баргузор шуд, иттилоъ дод.
"Дар ояндаи наздик мо тасмим дорем, ки барои шарикони афғонамон як бастаи кумаки башардӯстонаи аз ғизо, дору ва колоҳои заруриро фиристем", - гуфт Лавров.
Кумаки башардӯстона аз ғизо, доруворӣ ва молҳои зарурӣ иборат хоҳад буд. Лавров замони фиристодани кумакро мушаххас накард.
Қаблан раҳбарони G20 тасмим гирифта буданд, ки ба Афғонистон кумаки башардӯстона фиристанд. Ҳамин тариқ зарурати расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон тавассути созмонҳои мустақили байналмилалӣ садо дод.
Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июн, баробари хуруҷи нерӯҳои Амрико муташанниҷ шуд. То нимаи моҳи август "Толибон"* ҳама шаҳрҳои бузурги Афғонистонро ишғол кард.
Ҳамзамон, ҷангҷӯён кафолат доданд, ки нияти ҳамла ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Миёнаро надоранд.
* - созмони террористи мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон