https://sputnik.tj/20211027/safar-digarbora-rahmon-khatlon-1043111684.html
Сафари дигарбораи Раҳмон ба Хатлон
Сафари дигарбораи Раҳмон ба Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Сарвари Тоҷикистон қасд дорад, бо шароити зиндагии мардуми ин минтақа ошно шавад 27.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-27T09:47+0500
2021-10-27T09:47+0500
2021-10-27T10:38+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
хатлон
ифтитоҳи иншооти нав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043016760_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_991150d50d73858622558f67359fd913.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми як сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии президент. Роҳбари ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, бо шароити зиндагии мардум аз наздик ошно шуда, чанд иншооти гуногунро боз кунад. Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот бо намояндагону фаъолон ва қишрҳои гуногуни аҳолии вилояти Хатлон баргузор кунад.Ёдовар мешавем, ин дувумин сафари Эмомалӣ Раҳмон дар ин моҳ ба Хатлон аст.Президент баробари ворид шудан ба вилоят дар шаҳри Бохтар Маркази перинаталии вилояти Хатлонро ба истифода додааст.Гуфта мешавад, ин марказ аз ҷониби ҳукумат дар зимни татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо тарҳи зебову замонавӣ дар назди Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов бунёд гардидааст.Маркази перинаталии нав дорои 90 кати хоб буда, 45 нафар мутахассиси дорои маълумоти олии тиббӣ дар он бо ҷои кор таъмин гардиданд, ки асосан ба сокинони вилояти Хатлон, пеш аз ҳама барои ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакони навзод ёрии тиббӣ мерасонанд.
https://sputnik.tj/20211001/emomali-rahmon-ba-khatlon-raft-1042591186.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043016760_214:0:2031:1363_1920x0_80_0_0_4ecc79e52a0f2313c3e089dd276652ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, хатлон, ифтитоҳи иншооти нав
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, хатлон, ифтитоҳи иншооти нав
Сафари дигарбораи Раҳмон ба Хатлон
09:47 27.10.2021 (Навсозишуда: 10:38 27.10.2021) Сарвари Тоҷикистон қасд дорад, бо шароити зиндагии мардуми ин минтақа ошно шавад
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми як сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии президент.
Роҳбари ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, бо шароити зиндагии мардум аз наздик ошно шуда, чанд иншооти гуногунро боз кунад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот бо намояндагону фаъолон ва қишрҳои гуногуни аҳолии вилояти Хатлон баргузор кунад.
Ёдовар мешавем, ин дувумин сафари Эмомалӣ Раҳмон дар ин моҳ ба Хатлон аст.
Президент баробари ворид шудан ба вилоят дар шаҳри Бохтар Маркази перинаталии вилояти Хатлонро ба истифода додааст.
Гуфта мешавад, ин марказ аз ҷониби ҳукумат дар зимни татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо тарҳи зебову замонавӣ дар назди Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов бунёд гардидааст.
Маркази перинаталии нав дорои 90 кати хоб буда, 45 нафар мутахассиси дорои маълумоти олии тиббӣ дар он бо ҷои кор таъмин гардиданд, ки асосан ба сокинони вилояти Хатлон, пеш аз ҳама барои ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакони навзод ёрии тиббӣ мерасонанд.