Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба Хатлон рафт

© Дафтари матбуотии президентЭмомалӣ Раҳмон ба Хатлон рафт
Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Обуна шудан
Пас аз Бадахшон ҳамакнун президенти Тоҷикистон барои ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ва мулоқот бо сокинону шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба Хатлон рафт
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, сафар ба Хатлонро раисҷумҳури кишвар нахуст аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониӣ оғоз кард.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон бо вуруд ба ин ноҳия Маҷмааи даромадгоҳи онро ифтитоҳ кард.
Гуфта мешавад, Маҷмааи нави даромадгоҳи дар масоҳати 500 ва баландии 10 метр бо навиштаҷоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 12 сутунпоя бунёд ва акси аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ороиш ёфтааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Раҳмон сокинони ноҳияи марзӣ дар ВМКБ - ро ба зиракию муттаҳидӣ даъват кард
Баъди ифтитоҳи Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия президент 16,1 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро, ки солҳои тӯлонӣ таъмирталаб буд, баъди навсозӣ мавриди истифода қарор додааст.
Гуфта мешавад, роҳ бо маблағҳои буҷа ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ пурра навсозӣ шудааст.
Ҳамзамон президент дар деҳаи Навободи деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-и ноҳияро мавриди истифода қарор дод.
Бинои мазкур аз 2 ошёна, 13 синфхона, 2 ҳуҷраи корӣ ва китобхона иборат буда, дар он 528 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Сафари кории президент дар Хатлон идома дошта, тибқи иттилои котиботи президен, чун анъана раисиҷумҳур бо мардуми навоҳӣ дидору мулоқот анҷом хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0