Омӯзиши ҳузурии "SputnikPro" барои рӯзноманигорони кишварҳои ИДМ

© Sputnik / Нина ЗотинаОчная сессия проекта SputnikPro для журналистов из стран СНГ
Очная сессия проекта SputnikPro для журналистов из стран СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Обуна шудан
Марҳилаи нави омӯзиш дар зимни лоиҳаи “SputnikPro” охири моҳи октябр оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Рӯзи 26-уми октябр дар Оҷонсии байналмилалии иттилоотӣ ва радиои Sputnik дар Маскав ҷаласаи ҳузурии "SputnikPro" барои рӯзноманигорони ҷавони кишварҳои ИДМ оғоз шуд.
Дар миёни ширкаткунандагон рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионии “Prime” (Молдова) ва “Channel 7” (Қазоқистон), Ширкати давлатии телевизион ва радиои Абхазистон (Абхазистон), радиои шаҳри Гомел (Беларус), Ширкати байналмилалии радиошунавонии “Каспий” (Озарбойҷон), порталҳои “kundemi.kg” (Қирғизистон), “halva.tj” (Тоҷикистон), “erit.am” (Арманистон) ва ғайра ширкат мекунанд.
Дарсҳои маҳорат дар қароргоҳи Sputnik барои ду рӯз пешбинӣ шудаанд.
Дар ин давраи омӯзишӣ намояндаҳои расонаҳо бо таҷрибаи ВАО-и муосири чандрасонаӣ шинос шуда, дар бораи стратегияҳои расонаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, вижагиҳои роҳандозии каналҳои “Telegram” иттилоъ мегиранд, ҳамчунин инчунин атрофи хабарҳои ҷаълӣ дар ВАО-и ҷаҳон низ суҳбат мешавад. Зимни дарсҳои амалӣ рӯзноманигорони ҷавон таҳти роҳбарии коршиносони Sputnik шеваҳои мухталифи матраҳ кардани мушкилот дар расонаҳоро меомӯзанд.
"Вақтҳои охир мо аксар вақт дар бораи ҳамгироии шеваҳои мухталифи рӯзноманигорӣ мешунавем, ки як нафар бояд мусоҳиба, аксбардорӣ, пахши иттилоъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва таҳрири видеоро анҷом диҳад. Мо мекӯшем, ки ин усули эҷодиро дар давраи омӯзишии SputnikPro татбиқ кунем", - гуфт муовини сармуҳаррири Sputnik Андрей Благодеренко.
Яна Шахраманян, рӯзноманигори портали ҷавонони “erit.am” дар бораи оғози ин лоиҳа гуфт: "Мо то ҳол танҳо лексияҳои аввалинро доштем, аммо феълан ман пай бурдам, ки дар ин ҷо хеле масоили ҷолиб ва муҳимтар аз ҳама мавзуъҳои замонавиро баррасӣ мекунем. Чунин барномаҳо ба мавзуоте мепардозанд, ки барои як рӯзноманигори шоғил матраҳ нестанд, аммо дар ин ҷо мушкилоте баррасӣ мешаванд, мо ҳар рӯз бо онҳо дучор мешавем".
Давраи омӯзишии SputnikPro барои рӯзноманигорони кишварҳои хориҷӣ бо кумаки барномаи "Насли нав"-и Оҷонсии федералии умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона амалӣ мешавад.
 Журналисты смотрят трансляцию встречи глав государств-участников Нормандского формата в Елисейском дворце - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Муҳит аз онҳо вобаста аст: Эмомалӣ Раҳмон дар бораи кори блогерону рӯзноманигорон
"SputnikPro" лоиҳаи оҷонсии байналмилалии хабарӣ ва радиои Sputnik барои рӯзноманигорон, донишҷӯёни донишгоҳҳои тахассусӣ, кормандони хадамоти матбуотӣ ва менеҷерони ВАО мебошад, ки ба табодули таҷриба ва рушди робитаҳои касбӣ бо ҳамкасбони хориҷӣ марбут аст. Модулҳои лоиҳаро ҳам менеҷерони расонаҳои Sputnik ва дигар коршиносони маъруфи Русия роҳбарӣ мекунанд.
Дар ҷаласаҳо ҷанбаҳои мухталифи касби рӯзноманигорӣ, аз ҷумла таҳияи мундариҷаи чандрасонаӣ, кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷалби хонандаҳо ба манобеи хабарӣ ва ғайра баррасӣ мешаванд. Аз моҳи марти соли 2018 беш аз 5000 шунаванда аз 80 кишвар дар дарсҳои устодони "SputnikPro" ширкат карданд.
Спутник, хабаргузории байналмилалӣ ва радио, бахше аз гурӯҳи расонаҳои русии "Россия сегодня" аст. Sputnik сомонаҳои интернетиро бо 32 забон, пахши радиои аналогӣ ва рақамӣ дар беш аз 90 кишвари ҷаҳон, ҳамчуни ахбори видеоиеро ба забонҳои англисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ ва форсӣ мунташир мекунад. Аудиторияи Sputnik дар як моҳ тақрибан 50 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки шумораи умумии корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз 26 миллион бештар ва идораи марказии Sputnik дар Маскав аст.
Лентаи хабарҳо
0