https://sputnik.tj/20210615/muhit-vobasta-rahmon-blogeron-ruznomanigoron-1040229138.html
Муҳит аз онҳо вобаста аст: Эмомалӣ Раҳмон дар бораи кори блогерону рӯзноманигорон
Муҳит аз онҳо вобаста аст: Эмомалӣ Раҳмон дар бораи кори блогерону рӯзноманигорон
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, назарашро дар мавриди мавқеи рӯзноманигорону блогерон баён дошт
2021-06-15T20:30+0500
2021-06-15T20:30+0500
2021-06-15T20:30+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
вао
сҳш
матбуот
суҳбат
раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103037/18/1030371815_0:194:2953:1855_1920x0_80_0_0_5ae433cfd5d2d2a94f67a4d9870b46bf.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон муътақид аст, ки фардо аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки рӯзноманигорон, блогерҳо ва нависандагону дигар эҷодкорон воқеаҳои имрӯзаро чӣ гуна инъикос мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар” ба суол дар мавриди ВАО изҳор доштааст, ки бо назардошти он, ки мо дар замони рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зиндагӣ дорем, воситаҳои ахбори омма нақши муҳим мебозанд. “Имрӯз иттилоот ба яке аз воситаҳои муҳимтарини ташаккули ояндаи инсоният табдил меёбад. Фардо чи гуна арзи ҳастӣ кардани ҷаҳон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ВАО воқеаҳои имрӯзаро чи гуна инъикос мекунанд”, - изҳор дошт раисиҷумҳур. Ӯ муҳити дохили кишвару байни давлатҳоро низ вобаста ба кори рӯзноманигорон хондааст. Ӯ афзуд, ки на як бору ду бор изҳор дошт, ки асри мо асри иттилоотонии глобалӣ мебошадЭмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки ҳанӯз соли 2003 Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кардаанд. Суҳбати раисиҷумҳур дар рӯзи 20-умин солгарди таъсисёбии СҲШ нашр гардид. Дар нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Тоҷикистон дар СҲШ, баргузории Форуми роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи созмон дар оғози моҳи августи соли равон дар Душанбе низ пешбинӣ гардидааст.
https://sputnik.tj/20200313/Ruzi-matbuoti-tojik-suudi-davlatiho-va-suquti-gayridavlatiho-1030871402.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103037/18/1030371815_110:0:2841:2048_1920x0_80_0_0_2cd4ccf156d4011e66fd4a9fee384677.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, журналист, рӯзноманигор
эмомалӣ раҳмон, журналист, рӯзноманигор
Муҳит аз онҳо вобаста аст: Эмомалӣ Раҳмон дар бораи кори блогерону рӯзноманигорон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, назарашро дар мавриди мавқеи рӯзноманигорону блогерон баён дошт
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон муътақид аст, ки фардо аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки рӯзноманигорон, блогерҳо ва нависандагону дигар эҷодкорон воқеаҳои имрӯзаро чӣ гуна инъикос мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар” ба суол дар мавриди ВАО изҳор доштааст, ки бо назардошти он, ки мо дар замони рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зиндагӣ дорем, воситаҳои ахбори омма нақши муҳим мебозанд.
“Имрӯз иттилоот ба яке аз воситаҳои муҳимтарини ташаккули ояндаи инсоният табдил меёбад. Фардо чи гуна арзи ҳастӣ кардани ҷаҳон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ВАО воқеаҳои имрӯзаро чи гуна инъикос мекунанд”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.
Ӯ муҳити дохили кишвару байни давлатҳоро низ вобаста ба кори рӯзноманигорон хондааст.
“Муҳит дар дохили кишвар ва ҳам дар муносибатҳои байни давлатҳо аз мавқеи рӯзноманигорон, блогерҳо, нависандагон ва дигар нафарони эҷодкор вобаста аст”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ афзуд, ки на як бору ду бор изҳор дошт, ки асри мо асри иттилоотонии глобалӣ мебошад
Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки ҳанӯз соли 2003 Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кардаанд.
Суҳбати раисиҷумҳур дар рӯзи 20-умин солгарди таъсисёбии СҲШ нашр гардид.
Дар нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Тоҷикистон дар СҲШ, баргузории Форуми роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи созмон дар оғози моҳи августи соли равон дар Душанбе низ пешбинӣ гардидааст.