https://sputnik.tj/20211027/omuzgoron-kobul-pardokht-maosh-1043131244.html
Омӯзгорон дар шаҳри Кобул хоҳони пардохти маошашон шуданд
Омӯзгорон дар шаҳри Кобул хоҳони пардохти маошашон шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Омӯзгорон дар шаҳри Кобул аз гурӯҳи “Толибон”* хостанд, ки маошҳои онҳо ва соири кормандони давлатӣ пардохт шавад
2021-10-27T21:00+0500
2021-10-27T21:00+0500
2021-10-27T21:00+0500
афғонистон
толибон
муаллимон
осиёи марказӣ
омӯзгор
маош
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1b/1043130934_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_5829d5a557262cccd0afc7c72fcbe15b.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Омӯзгорон дар Кобул аз “Толибон” хостаанд, қабл аз вуқуи фоҷеаи инсонӣ маоши омӯзгорон ва дигар кормандони давлатиро пардохт намоянд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.Дар қатъномае, ки тавассути ин омӯзгорон дар шаҳри Кобул қироат шуд, омадааст, ки бо тасаллути “Толибон” бар кишвар ақшори мухталифи ҷомеа, аз ҷумла омӯзгорон дучори буҳрони шадиди молӣ ва иқтисодӣ шудаанд.Дар ин қатънома таъкид шудааст, бар асари буҳрони шадиди иқтисодӣ, боло рафтани қимати маводи ғизоӣ ва фарорасии фасли зимистон сари вақт напардохтани маоши омӯзгорон ва дигар кормандони давлатӣ боиси фоҷеаи башарӣ мешавад.Омӯзгороне, ки дар ғарби Кобул ҷамъ омада буданд, аз худкушии як ҳамтои худ дар ин шаҳр ва марги як корманди дигар мактаб дар Бадахшон хабар ва ҳушдор доданд, ки ин як нишонаи фоҷеаи башарию марги тадриҷӣ дар саросари кишвар аст.Онҳо гуфтаанд, ки “Толибон”* ба унвони ҳокими феълии Афғонистон бояд маоши омӯзгорон ва дигар кормандони давлатиро пардохт кунад."Ҳарчанд маоши омӯзгорон дар Афғонистон ночиз аст, аммо асотиди фидокор ба ин маош басанда мекунанд ба шарте, ки маошашон сари вақт пардохт шавад", - таъкид кардаанд омӯзгорон.Онҳо таъкид карданд, се моҳ аст, ки маош нагирифтаанд.*- гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20210918/bozkushoi-makotib-afghoniston-unisef-vokunish-1042353562.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1b/1043130934_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_b864c35e195d4e0daed3017fe851653a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, омӯзгорон, маош, толибон, дархост
афғонистон, омӯзгорон, маош, толибон, дархост
Омӯзгорон дар шаҳри Кобул хоҳони пардохти маошашон шуданд
Омӯзгорон дар шаҳри Кобул аз гурӯҳи “Толибон”* хостаанд, ки маошҳои онҳо ва соири кормандони давлатӣ пардохт шавад
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Омӯзгорон дар Кобул аз “Толибон” хостаанд, қабл аз вуқуи фоҷеаи инсонӣ маоши омӯзгорон ва дигар кормандони давлатиро пардохт намоянд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.
Дар қатъномае, ки тавассути ин омӯзгорон дар шаҳри Кобул қироат шуд, омадааст, ки бо тасаллути “Толибон” бар кишвар ақшори мухталифи ҷомеа, аз ҷумла омӯзгорон дучори буҳрони шадиди молӣ ва иқтисодӣ шудаанд.
Дар ин қатънома таъкид шудааст, бар асари буҳрони шадиди иқтисодӣ, боло рафтани қимати маводи ғизоӣ ва фарорасии фасли зимистон сари вақт напардохтани маоши омӯзгорон ва дигар кормандони давлатӣ боиси фоҷеаи башарӣ мешавад.
Омӯзгороне, ки дар ғарби Кобул ҷамъ омада буданд, аз худкушии як ҳамтои худ дар ин шаҳр ва марги як корманди дигар мактаб дар Бадахшон хабар ва ҳушдор доданд, ки ин як нишонаи фоҷеаи башарию марги тадриҷӣ дар саросари кишвар аст.
Онҳо гуфтаанд, ки “Толибон”* ба унвони ҳокими феълии Афғонистон бояд маоши омӯзгорон ва дигар кормандони давлатиро пардохт кунад.
"Ҳарчанд маоши омӯзгорон дар Афғонистон ночиз аст, аммо асотиди фидокор ба ин маош басанда мекунанд ба шарте, ки маошашон сари вақт пардохт шавад", - таъкид кардаанд омӯзгорон.
Онҳо таъкид карданд, се моҳ аст, ки маош нагирифтаанд.
*- гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон