Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Мақомдорони собиқ Афғонистонро аз тариқи Қазоқистон тарк мекунанд

© МИД Республики КазахстанКазахстан предоставил транзитный коридор для афганских женщин и их семей
Казахстан предоставил транзитный коридор для афганских женщин и их семей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Обуна шудан
Додситонҳо, вакилони собиқи Афғонистон ва аъзои хонаводаи онҳо ин кишварро тавассути фурудгоҳи Алмаато тарк карданд
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Қазоқистон барои парвози занони афғонистонӣ як долони транзитии башардӯстона фароҳам кард, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Қазоқистон.

"Бо дарназардошти пойбандии Қазоқистон ба уҳдадориҳои байналмилалии худ дар соҳаи гуманитарӣ сарвари давлат тасмим гирифт, ки барои занони афғонистонӣ - додрасҳо, вакилони порлумон ва аъзои оилаи онҳо долони транзитӣ таъмин карда шавад", - омадааст дар хабар.

Транзит дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии ғайридавлатӣ тавассути фурудгоҳи Алмаато барои парвози минбаъда ба кишварҳои сеюм ташкил карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки миёнаҳои моҳи август намояндагони ҷунбиши тундрави "Толибон"* дар Афғонистон қудратро ба даст оварданд.
Афганские женщины в ожидании выдачи помощи от правительства Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Дар Афғонистон барои духтарон мактаби махфӣ боз шуд
Ҳоло дар Афғонистон занон наметавонанд дар ҳукумат ва дигар созмонҳо ягон вазифаро ишғол кунанд.
Духтарон низ аз ҳуқуқи илмомӯзӣ маҳрум шудаанд.
То ҳол ҳукумати "Толибон"* аз ҷониби ягон давлати дунё ба расмият пазируфта нашудааст. Яке аз шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки барои эътирофи ҳукумати нави Афғонистон гузошта шудааст, ин риояи ҳуқуқи занон ва ба вазифаҳои ҳукуматӣ таъин кардани онҳо мебошад.
Лентаи хабарҳо
0