Русия интиқоли пул ба Тоҷикистонро сода мекунад

© Sputnik Денежные купюры и смартфон, архивное фото
Денежные купюры и смартфон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Обуна шудан
Акнун барои муҳоҷирони корӣ интиқоли пул ба Dатан осонтар мешавад
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бонкҳои Русия ба сода кардани интиқоли пул ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ шурeъ карданд. Дар ин бора "Известия" менависад.
Ҳамин тариқ бисёре аз танзимгарон тарзи интиқоли маблағро ба хориҷа тавассути рақами телефон оғоз кардаанд.
То имрӯз ин тарз танҳо барои муштариёни "Сбера" ва "Тинкофф" дастрас буд. Дар соли 2022 U"Юнистрим", МКБ и "Дом.рф" низ мехоҳанд онро амалӣ кунанд, қайд мекунад рӯзнома.

"Тинкофф" гуфтааст, ки тавассути рақами телефон танҳо бо пули русӣ маблағро ба кишвари дигар интиқол додан мумкин аст. Барои як амалиёт бонк фиристодани на бештар аз 150 ҳазор рублро иҷозат медиҳад. Дар як моҳ зиёда аз якуним миллионро интиқол додан мумкин нест.

Дафтари матбуотии бонк афзудааст, ки бо ин роҳ танҳо ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон интиқоли маблағ имконпазир аст.
Дар навбати худ "Сбербанк" тавассути рақами телефон ба кишварҳои зикршуда, инчунин ба Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова ва Қазоқистонро роҳандозӣ кардааст.
Банкомат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми интиқоли маболиғи муҳоҷирон ба сегонаи аввал дохил шуд
Бонки марказии Федератсияи Русия мехоҳад механизми шабеҳро дар асоси низоми пардохтҳои фаврӣ (FPS) эҷод кунад.
Ксения Артемева, мудири амалиётии платформаи "Фаст Ривер" қайд кард, ки муҳоҷирони корӣ корбарони асосии ин тарзи интиқол хоҳанд шуд.
Ба навиштаи "Известия", танҳо дар моҳи августи соли 2021 ҳаҷми интиқол аз Русия ба хориҷа ба 893 миллион доллар баробар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0