https://sputnik.tj/20211016/tojikiston-hajmi-intiqol-maboligh-muhojiron-1042905850.html
Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми интиқоли маболиғи муҳоҷирон ба сегонаи аввал дохил шуд
Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми интиқоли маболиғи муҳоҷирон ба сегонаи аввал дохил шуд
Sputnik Тоҷикистон
Интиқоли инфиродӣ аз Русия ба ИДМ дар семоҳаи II аз охири соли гузашта то кунун, ба ҳадди аксар расид
2021-10-16T10:05+0500
2021-10-16T10:05+0500
2021-10-18T11:19+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
муҳоҷират
доллар
интиқоли маблағ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103033/76/1030337611_1:0:3642:2048_1920x0_80_0_0_b4b5e7507c065684d9e3d76a99ad3235.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Интиқоли инфиродӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ дар семоҳаи дувум ба таври рекордӣ афзуд ва аз 3 миллиард доллар гузашт, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба маълумоти Бонки марказии Русия. Нишондоди аз ин бештар, авохири семоҳаи сеюми соли гузашта ба қайд гирифта шуд. Он замон аз Русия ба давлатҳои ИДМ маблағи интиқоли инфиродӣ 3,2 миллиард долларро ташкил кард. Ин шохис дар семоҳаи чаҳорум (2,9 миллиард доллар) ва семоҳаи аввали соли равон (2,4 миллиард доллар) буд ва рекорди 3-миллиардиро шикаста натавонист. Се кишвари пешсаф аз рӯи дарёфти маболиғ - Ӯзбекистон (1,2 миллиард доллар), Қирғизистон (600 миллион) ва Тоҷикистон (412 миллион) ҳастанд. Интиқоли инфиродӣ аз кишварҳои ИДМ ба Русия дар семоҳаи дувум низ динамикаи мусбатро нишон дод - 541 миллион доллар дар қиёс бо 396 миллион доллари соли 2020. Бештар аз Қазоқистон (219 миллион доллар), Ӯзбекистон (72 миллион доллар) ва Қирғизистон (56 миллион доллар) пул интиқол дода шудааст. Коршинос сабаби асосии ихроҷи муҳоҷирон аз Русияро гуфтПештар хабар дода шуд, ки аз аввали январи соли ҷорӣ то кунун муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба ватанашон ҳудуди 755 миллион доллар интиқол додаанд. Маблағи миёнаи интиқоли пул ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 139 доллар буда, квартали дувум он афзоиш ёфту ба 154 доллар расид.
https://sputnik.tj/20211014/uzbekiston-khostor-andoz-nav-muhojiron-1042874191.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103033/76/1030337611_911:0:3642:2048_1920x0_80_0_0_d511fcf368d89dec255fc8376eda40c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интиқоли маболиғ, тоҷикистон, русия, муҳоҷират
интиқоли маболиғ, тоҷикистон, русия, муҳоҷират
Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми интиқоли маболиғи муҳоҷирон ба сегонаи аввал дохил шуд
10:05 16.10.2021 (Навсозишуда: 11:19 18.10.2021) Интиқоли инфиродӣ аз Русия ба ИДМ дар семоҳаи II, аз охири соли гузашта то кунун ба ҳадди аксар расид
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Интиқоли инфиродӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ дар семоҳаи дувум ба таври рекордӣ афзуд ва аз 3 миллиард доллар гузашт, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба маълумоти Бонки марказии Русия.
Нишондоди аз ин бештар, авохири семоҳаи сеюми соли гузашта ба қайд гирифта шуд. Он замон аз Русия ба давлатҳои ИДМ маблағи интиқоли инфиродӣ 3,2 миллиард долларро ташкил кард.
Ин шохис дар семоҳаи чаҳорум (2,9 миллиард доллар) ва семоҳаи аввали соли равон (2,4 миллиард доллар) буд ва рекорди 3-миллиардиро шикаста натавонист.
Се кишвари пешсаф аз рӯи дарёфти маболиғ - Ӯзбекистон (1,2 миллиард доллар), Қирғизистон (600 миллион) ва Тоҷикистон (412 миллион) ҳастанд.
Интиқоли инфиродӣ аз кишварҳои ИДМ ба Русия дар семоҳаи дувум низ динамикаи мусбатро нишон дод - 541 миллион доллар дар қиёс бо 396 миллион доллари соли 2020.
Бештар аз Қазоқистон (219 миллион доллар), Ӯзбекистон (72 миллион доллар) ва Қирғизистон (56 миллион доллар) пул интиқол дода шудааст.
Пештар хабар дода шуд, ки аз аввали январи соли ҷорӣ то кунун муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба ватанашон ҳудуди 755 миллион доллар интиқол додаанд.
Маблағи миёнаи интиқоли пул ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 139 доллар буда, квартали дувум он афзоиш ёфту ба 154 доллар расид.