https://sputnik.tj/20211026/rubl-tojikiston-bolo-raft-1043093641.html
Рубл дар Тоҷикистон боз боло рафт
Рубл дар Тоҷикистон боз боло рафт
Sputnik Тоҷикистон
Дар пасманзари ҳаводиси байналмилалӣ ва поин рафтани қурби доллар дар Русия арзиши пули амрикоӣ дар Тоҷикистон низ дар ҳоли коҳишёбист
2021-10-26T10:12+0500
2021-10-26T10:12+0500
2021-10-26T10:12+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
рубл
сомонӣ
доллар
евро
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102715/08/1027150888_0:260:3073:1989_1920x0_80_0_0_d999e06a2f6b18a796974eb9be7bd5e3.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Қурби пули русӣ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар асъорҳо тақвиятёбиро идома медиҳад.Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон боз боло рафта, ҳоло 1000 ба 160,3 баробар аст.Аз аввали моҳи октябр арзиши ҳазор рубл дар Тоҷикистон беш аз 6 сомонӣ боло рафт ва бештарин ҳадди афзоиши қурби он имсол дар Тоҷикистонро нишон дод.Тамоюли болоравии рубл дар тӯли се ҳафта мушоҳида шуд, зеро дар аввали ҳамин моҳ ҳазор рубл 154 сомонӣ арзиш дошт.Доллар бошад, нисбат ба нишондиҳандаҳои рӯзи гузашта гузашта (11.2645) боз коҳиш ёфта, ҳоло дар кишвар барои як доллар 11.2485 сомонӣ медиҳанд. Асъори аврупоӣ низ давоми як моҳи ахир дар ҳоли ноустувор қарор дорад ва ҳоло дар Тоҷикистон барои 1 евро 13.0539 сомонӣ муқаррар шудаастДар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон болотар аст.Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1 рубл имрӯз 0,1610 -1625 сомонӣ харидуфурӯш шудааст.Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1585 то 0.1615 ва дар "Алифбонк" 1 рубл аз 0,1555 то 0,1615 сомонӣ нишон дода шудааст.Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар мешавад.Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20211019/oyandai-dollar-tahlilgaronro-hayratzada-kard-1042974519.html
https://sputnik.tj/20210809/iqtisoddon-rubl-suqut-namekunad-1041508435.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102715/08/1027150888_83:0:2812:2047_1920x0_80_0_0_d3f1c029463a32edeaadb0e3f16fb048.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷаҳиш рекордӣ қурб рубл тоҷикистон
ҷаҳиш рекордӣ қурб рубл тоҷикистон
Рубл дар Тоҷикистон боз боло рафт
Дар пасманзари ҳаводиси байналмилалӣ ва поин рафтани қурби доллар дар Русия арзиши пули амрикоӣ дар Тоҷикистон низ дар ҳоли коҳишёбист
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Қурби пули русӣ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар асъорҳо тақвиятёбиро идома медиҳад.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон боз боло рафта, ҳоло 1000 ба 160,3 баробар аст.
Аз аввали моҳи октябр арзиши ҳазор рубл дар Тоҷикистон беш аз 6 сомонӣ боло рафт ва бештарин ҳадди афзоиши қурби он имсол дар Тоҷикистонро нишон дод.
Тамоюли болоравии рубл дар тӯли се ҳафта мушоҳида шуд, зеро дар аввали ҳамин моҳ ҳазор рубл 154 сомонӣ арзиш дошт.
Доллар бошад, нисбат ба нишондиҳандаҳои рӯзи гузашта гузашта (11.2645) боз коҳиш ёфта, ҳоло дар кишвар барои як доллар 11.2485 сомонӣ медиҳанд.
Асъори аврупоӣ низ давоми як моҳи ахир дар ҳоли ноустувор қарор дорад ва ҳоло дар Тоҷикистон барои 1 евро 13.0539 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон болотар аст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1 рубл имрӯз 0,1610 -1625 сомонӣ харидуфурӯш шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1585 то 0.1615 ва дар "Алифбонк" 1 рубл аз 0,1555 то 0,1615 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар мешавад.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.