Мақомоти Суғд гуфтанд, чӣ қадар пахта ҷамъоварӣ шудааст

Сбор хлопка в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд хабар додаанд, ки барномаи истеҳсоли пахта то имрӯз 78,5 дарсад иҷро гардидааст
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд, чидани ҳосили пахта дар вилояти Суғд идома дошта, то рӯзи 25-уми октябр 105 ҳазору 54 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки ба 78,5 фоизи нақша баробар аст.
Дар ҳамин ҳол манбаъ таъкид кардааст, то имрӯз дар ноҳияҳои Ашт 14159, Бобоҷон Ғафуров 18441, Ҷаббор Расулов 9412, Зафаробод 21386, Конибодом 10314, Мастчоҳ 19043, Спитамен 12297 тонна пахта истеҳсол шуда, ки мутаносибан ба 91,6, 96, 75,3, 71,9, 72,1, 66,6 ва 87,8 дарсади барнома дар навоҳии ин вилоят баробар мебошад.
Сбор хлопка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон чанд тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст
Гуфта мешавад, ҳамарӯза дар вилоят беш аз 1200 тонна ”тиллои сафед” ҷамъоварӣ шуда истодааст.

“Нақшаи истеҳсоли пахта бошад, дар вилоят барои соли ҷорӣ 133 ҳазору 838 тонна муқаррар гардидааст”, - афзуд манбаъ.

Мақомоти вилояти Суғд илова кардаанд, ки ғунучини ҳосил дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0