https://sputnik.tj/20211006/vazorat-tojikiston-pakhta-jamovari-1042671188.html
Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон чанд тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст
Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон чанд тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазоратти кишварзӣ эълон кардааст, ки дар Тоҷикистон то 5 октябри соли равон 188 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд
2021-10-06T09:45+0500
2021-10-06T09:45+0500
2021-10-06T11:04+0500
дар тоҷикистон
вазорати кишоварзӣ
кишоварзӣ
ҷамъоварӣ
пахта
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102074/01/1020740156_0:0:2717:1528_1920x0_80_0_0_250ac98c8ce8bc866d1e5f7601745703.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати кишварзӣ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.Таъкид шудааст, ки ҳиссаи асосии ҳосили ҷамъоваришуда ба хоҷагиҳои вилояти Хатлон рост меояд, ки дар онҳо зиёда аз 133 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.Ҳосили ҷамъовардаи пахта дар вилояти Суғд, ки ин ҷо каме дертар ба ҷамъоварии ҳосил шуруъ намуданд, ҳудуди 53 ҳазор тонна ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.Вазорати кишварзӣ қайд кардааст, ки дар соли 2021 дар кишвар аз майдони умумии 174 ҳазору 155 гектар ҷамъоварии зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст.Пахтачинон барои 1 кило пахтаи ҷамъоваришуда 1 сомонӣ (соли гузашта 50 дирамро ташкил медод) мегиранд.Дар ҳамин ҳол қайд карда шудааст, ки худи фермерҳо бо ширкатҳои харидор пахтаро бо нархи 8-9 сомонӣ мефурӯшанд.
https://sputnik.tj/20211003/favt-sobirova-pakhta-suqd-1042624132.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102074/01/1020740156_11:60:2583:1989_1920x0_80_0_0_4d1d26057400f3fce63cb711c7a486bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, пахта, вазорати кишоварзӣ, ҷамъоварӣ, тонна
тоҷикистон, пахта, вазорати кишоварзӣ, ҷамъоварӣ, тонна
Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон чанд тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст
09:45 06.10.2021 (Навсозишуда: 11:04 06.10.2021) Вазорати кишварзӣ эълон кардааст, ки дар Тоҷикистон то 5 октябри соли равон 188 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати кишварзӣ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.
Таъкид шудааст, ки ҳиссаи асосии ҳосили ҷамъоваришуда ба хоҷагиҳои вилояти Хатлон рост меояд, ки дар онҳо зиёда аз 133 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Ҳосили ҷамъовардаи пахта дар вилояти Суғд, ки ин ҷо каме дертар ба ҷамъоварии ҳосил шуруъ намуданд, ҳудуди 53 ҳазор тонна ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Вазорати кишварзӣ қайд кардааст, ки дар соли 2021 дар кишвар аз майдони умумии 174 ҳазору 155 гектар ҷамъоварии зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст.
Пахтачинон барои 1 кило пахтаи ҷамъоваришуда 1 сомонӣ (соли гузашта 50 дирамро ташкил медод) мегиранд.
Дар ҳамин ҳол қайд карда шудааст, ки худи фермерҳо бо ширкатҳои харидор пахтаро бо нархи 8-9 сомонӣ мефурӯшанд.