https://sputnik.tj/20211025/shabnam-qays-surud-ahmad-zohir-bozkhoni-navor-1043087412.html
Шабнаму Қайс суруди Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ карданд - видео
Шабнаму Қайс суруди Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ карданд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ба беш аз 6 ҳазор корбар ин дуэт писанд омад ва зери навор шарҳҳои зиёд низ навиштаанд 25.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-25T18:40+0500
2021-10-25T18:40+0500
2021-10-25T20:18+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
шабнами сурайё
суруд
аҳмад зоҳир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/19/1043082907_0:0:1099:619_1920x0_80_0_0_f0e1f86e6c7526f42147fa4ff7911e33.png
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё мухлсони худро бо бозхонии суруди овозхони зиндаёду нотакрор Аҳмад Зоҳир шод намуд.Шабнам дар танҳоӣ суруди ситораи Шарқро бозхонӣ накарда, балки дуэти ҷаззобе бо овозхони афғонистонии муқими Канада Қайс Улфат ташкил намуд.Овозхонҳои саршиноси тоҷику афғонистонӣ сурудҳои "Зиндаги чист?" ва "Ай подшоҳи хубон"-ро бозхонӣ намуданд, ки қаблан бо овози ширину гушнавози Аҳмад Зоҳир ҳазорон мухлисонро масрур гардонида буданд.Навори дуэти Шабнаму Қайс рӯзи 23-юми октябр ба шабакаи иҷтимоии "YouTube" роҳ ёфт ва бо гузашти ҳамагӣ ду рӯз он аз ҷониби наздик ба 200 ҳазор корбар тамошо ва писандида шуд. Аз ҷумла навори Шабнаму Қайсро беш аз 6 ҳазор нафар мақбул дониста, зиёда аз 600 нафар зери он шарҳҳои гуногун навиштааст. Аксари шарҳҳои корбарон мусбат буда, аз маҳорати воло ва садои ҷаззоби ҳар ду овозхон васф мекарданд.Сурудҳои булбули Шарқ Аҳмад Зоҳирро аксари сарояндаҳои тоҷик бозхонӣ мекунанд ва ё дар пайравӣ ба ӯ таронаҳо месароянд.Ҳоло аксар сарояндаҳои ҷавон ба мисли Меҳринигору Зулайхо ва даҳҳои дигар сурудҳои сароянда ва оҳангсози афғон Аҳмад Зоҳирро месароянд.Аҳмад Зоҳир соли 1979 дар пайи садамае дар Кобул ба ҳалокат расид.
https://sputnik.tj/20211015/raqs-davron-kudaki-shabnami-surayyo-1042881821.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/19/1043082907_124:0:973:637_1920x0_80_0_0_f1401d543f9c533615f4916de11881bd.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фарҳанг, шабнами сурайё, суруд, аҳмад зоҳир
дар тоҷикистон, фарҳанг, шабнами сурайё, суруд, аҳмад зоҳир
Шабнаму Қайс суруди Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ карданд - видео
18:40 25.10.2021 (Навсозишуда: 20:18 25.10.2021) Ба беш аз 6 ҳазор корбар ин дуэт писанд омад ва зери навор шарҳҳои зиёд низ навиштаанд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё мухлсони худро бо бозхонии суруди овозхони зиндаёду нотакрор Аҳмад Зоҳир шод намуд.
Шабнам дар танҳоӣ суруди ситораи Шарқро бозхонӣ накарда, балки дуэти ҷаззобе бо овозхони афғонистонии муқими Канада Қайс Улфат ташкил намуд.
Овозхонҳои саршиноси тоҷику афғонистонӣ сурудҳои "Зиндаги чист?" ва "Ай подшоҳи хубон"-ро бозхонӣ намуданд, ки қаблан бо овози ширину гушнавози Аҳмад Зоҳир ҳазорон мухлисонро масрур гардонида буданд.
Навори дуэти Шабнаму Қайс рӯзи 23-юми октябр ба шабакаи иҷтимоии "YouTube" роҳ ёфт ва бо гузашти ҳамагӣ ду рӯз он аз ҷониби наздик ба 200 ҳазор корбар тамошо ва писандида шуд. Аз ҷумла навори Шабнаму Қайсро беш аз 6 ҳазор нафар мақбул дониста, зиёда аз 600 нафар зери он шарҳҳои гуногун навиштааст.
Аксари шарҳҳои корбарон мусбат буда, аз маҳорати воло ва садои ҷаззоби ҳар ду овозхон васф мекарданд.
Сурудҳои булбули Шарқ Аҳмад Зоҳирро аксари сарояндаҳои тоҷик бозхонӣ мекунанд ва ё дар пайравӣ ба ӯ таронаҳо месароянд.
Ҳоло аксар сарояндаҳои ҷавон ба мисли Меҳринигору Зулайхо ва даҳҳои дигар сурудҳои сароянда ва оҳангсози афғон Аҳмад Зоҳирро месароянд.
Аҳмад Зоҳир соли 1979 дар пайи садамае дар Кобул ба ҳалокат расид.