https://sputnik.tj/20211015/raqs-davron-kudaki-shabnami-surayyo-1042881821.html
Рақси даврони кӯдакии Шабнами Сурайё ва табрикоти Шарифамоҳ: навори нодир
Рақси даврони кӯдакии Шабнами Сурайё ва табрикоти Шарифамоҳ: навори нодир
Sputnik Тоҷикистон
Духтари Шабнами Сурайё - Шаримоҳ модарашро дар рӯзи зодрӯзш бо суруде муборакбюод гуфтааст
2021-10-15T12:17+0500
2021-10-15T12:17+0500
2021-10-15T17:44+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
зодрӯз
tajikistan style
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/12/1033026996_0:4:1080:612_1920x0_80_0_0_92f454d416a6c737bd8d6eeef4394de6.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Духтари Шабнами Сурайё дар саҳифааш дар "Instagram" дар рӯзи зодрӯзи модараш навори нодиреро аз даврони кӯдакиаш нашр кардааст.Дар наворе, ки духтари ситораи санъати тоҷик нашр кардааст, дида мешавад, ки Шабнам дар замони кӯдакӣ (тақрибан 13-солагӣ) дар чорабиние рақс мекунад. Ин навор соли 1994 сабт шудааст, вале маълум нест, ки Шабнам дар чӣ чорабиние иштирок мекунад.Шабнам дар тан пироҳани зард дорад ва дар сараш тоқии ҳамранг гузоштааст.Мӯйҳои ӯ бофта шудаанд.Дар пасманзари ин навор садои зебое дар васфи модар суруде замзама мекунад. Эҳтимолан ин садои духтари Шабнами Сурайё Шарифамоҳ аст, ки ба хотири зодрӯзи модараш суруди "Мама - ты мой рай"-ро сароидааст.Дар шаҳри ин навор Шарифамоҳ модарашро бо 40-солагиаш муборакбод гуфта, ӯро зани қавииродаву меҳрубон, хоксор ва дӯсти ҷонӣ хондааст.Шабнам низ ин наворро дар саҳифааш ҷо додааст ва духтарашро "дунёи ширини модар, номуси модар ва баракати зиндагии худ" хондааст.Рӯзи 14-уми октябр ситораи санъати тоҷик Шабнами Сурайё 40-сола шуд. Шабнами Сурайё 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, аз номдортарин санъаткорони Тоҷикистон ба шумор меравад, ки миёни мардуми форсизабони дунё машҳур аст.Ӯ аслан бо бозхонии сурудҳои модараш, приммадонаи санъати тоҷик Сурайё Қосимова роҳи санъатро пеша карду бо бозхонии сурудҳои дигар сарояндагон машҳур шуд.Зодрӯзи рамазонии Сурайё: аз рақс бо шавҳар, то дуо ба бадгӯёну ваъдаи Шабнам – видеоАксари мунаққидон Шабнамро барои такрорсароияш интиқод мекунанд, вале ҳастанд онҳое ҳам, ки мегӯянд, Шабнам аксари сурудҳо бисёр хуб бозхонӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20210929/surayyo-qosimova-khushbakhti-khoksori-shabnam-farzona-ishtiboh-maqomot-1042565969.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/12/1033026996_6:0:966:720_1920x0_80_0_0_2ad26fd74a37bc2e301b5277993a669f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шабнами сурайё, рақс, навор, нодир,
шабнами сурайё, рақс, навор, нодир,
Рақси даврони кӯдакии Шабнами Сурайё ва табрикоти Шарифамоҳ: навори нодир
12:17 15.10.2021 (Навсозишуда: 17:44 15.10.2021) Духтари Шабнами Сурайё Шарифамоҳ модарашро дар рӯзи зодрӯзш бо иҷрои суруде муборакбод гуфтааст
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Духтари Шабнами Сурайё дар саҳифааш дар "
Instagram" дар рӯзи зодрӯзи модараш навори нодиреро аз даврони кӯдакиаш нашр кардааст.
Дар наворе, ки духтари ситораи санъати тоҷик нашр кардааст, дида мешавад, ки Шабнам дар замони кӯдакӣ (тақрибан 13-солагӣ) дар чорабиние рақс мекунад. Ин навор соли 1994 сабт шудааст, вале маълум нест, ки Шабнам дар чӣ чорабиние иштирок мекунад.
Шабнам дар тан пироҳани зард дорад ва дар сараш тоқии ҳамранг гузоштааст.
Дар пасманзари ин навор садои зебое дар васфи модар суруде замзама мекунад. Эҳтимолан ин садои духтари Шабнами Сурайё Шарифамоҳ аст, ки ба хотири зодрӯзи модараш суруди "Мама - ты мой рай"-ро сароидааст.
Дар шаҳри ин навор Шарифамоҳ модарашро бо 40-солагиаш муборакбод гуфта, ӯро зани қавииродаву меҳрубон, хоксор ва дӯсти ҷонӣ хондааст.
"Модар ягона шахсе аст, ки моро танҳо барои буданамон дӯст медорад. Ва модари ман беҳтарини ҷаҳон аст. Ӯ дӯсти беҳтарин ва вафодори ман аст", - навиштааст Шарифамоҳ.
Шабнам низ ин наворро дар саҳифааш ҷо додааст ва духтарашро "дунёи ширини модар, номуси модар ва баракати зиндагии худ" хондааст.
Рӯзи 14-уми октябр ситораи санъати тоҷик Шабнами Сурайё 40-сола шуд.
Шабнами Сурайё 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, аз номдортарин санъаткорони Тоҷикистон ба шумор меравад, ки миёни мардуми форсизабони дунё машҳур аст.
Ӯ аслан бо бозхонии сурудҳои модараш, приммадонаи санъати тоҷик Сурайё Қосимова роҳи санъатро пеша карду бо бозхонии сурудҳои дигар сарояндагон машҳур шуд.
Аксари мунаққидон Шабнамро барои такрорсароияш интиқод мекунанд, вале ҳастанд онҳое ҳам, ки мегӯянд, Шабнам аксари сурудҳо бисёр хуб бозхонӣ кардааст.