https://sputnik.tj/20211025/jahish-qurb-rubl-tojikiston-puli-rus-1043072024.html
Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон: фурсат барои иваз кардани пули русӣ
Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон: фурсат барои иваз кардани пули русӣ
Sputnik Тоҷикистон
Қурби пули русӣ дар Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ боз боло рафт. Тақвияти рубл на танҳо дар баробари асъори тоҷикӣ, балки дар баробари тамоми асъори хориҷӣ мушоҳида мешавад
2021-10-25T10:03+0500
2021-10-25T10:03+0500
2021-10-25T13:57+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
рубл
сомонӣ
доллар
евро
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101470/12/1014701217_0:0:3019:1699_1920x0_80_0_0_6fc48b06bed88d163651f73cff2e2339.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар кишвар эълон кард.Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон боз боло рафта, ҳоло 1 рубл бо 1598 баробар аст.Аз аввали моҳи октябр арзиши ҳазор рубл дар Тоҷикистон наздик ба 6 сомонӣ боло рафт ва бештарин ҳадди афзоиши қурби он имсол дар Тоҷикистонро нишон дод.Тамоюли болоравии рубл дар тӯли се ҳафта мушоҳида шуд, зеро дар аввали ҳамин моҳ ҳазор рубл 154 сомонӣ арзиш дошт.Доллар бошад, нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳафтаи гузашта боз коҳиш ёфта, ҳоло дар кишвар барои як доллар 11.2645 сомонӣ медиҳанд. Ин асъор устувории қаблиашро аз даст медиҳад.Асъори аврупоӣ низ давоми як моҳи ахир дар ҳоли ноустувор қарор дорад ва ҳоло дар Тоҷикистон барои 1 евро 13.1074 сомонӣ муқаррар шудаастДар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон болотар аст.Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1 рубл имрӯз 0,1555 -1610 сомонӣ харидуфурӯш шудааст.Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1570 то 0.1600 ва дар "Алифбонк" 1 рубл аз 0,1555то 0,1600 сомонӣ нишон дода шудааст.Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар мешавад.Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20211019/oyandai-dollar-tahlilgaronro-hayratzada-kard-1042974519.html
https://sputnik.tj/20211019/vazir-iqtisod-rusiya-oyanda-dollar-oshkor-1042954916.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101470/12/1014701217_75:0:2806:2048_1920x0_80_0_0_fe89c7410bca95b1e1891546758b396e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷаҳиш қурбирубл тоҷикистон фурсат иваз пули рус
ҷаҳиш қурбирубл тоҷикистон фурсат иваз пули рус
Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон: фурсат барои иваз кардани пули русӣ
10:03 25.10.2021 (Навсозишуда: 13:57 25.10.2021) Қурби пули русӣ дар Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ боз боло рафт. Тақвияти рубл на танҳо дар баробари асъори тоҷикӣ, балки дар баробари тамоми асъори хориҷӣ мушоҳида мешавад
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар кишвар эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон боз боло рафта, ҳоло 1 рубл бо 1598 баробар аст.
Аз аввали моҳи октябр арзиши ҳазор рубл дар Тоҷикистон наздик ба 6 сомонӣ боло рафт ва бештарин ҳадди афзоиши қурби он имсол дар Тоҷикистонро нишон дод.
Тамоюли болоравии рубл дар тӯли се ҳафта мушоҳида шуд, зеро дар аввали ҳамин моҳ ҳазор рубл 154 сомонӣ арзиш дошт.
Доллар бошад, нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳафтаи гузашта боз коҳиш ёфта, ҳоло дар кишвар барои як доллар 11.2645 сомонӣ медиҳанд. Ин асъор устувории қаблиашро аз даст медиҳад.
Асъори аврупоӣ низ давоми як моҳи ахир дар ҳоли ноустувор қарор дорад ва ҳоло дар Тоҷикистон барои 1 евро 13.1074 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон болотар аст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1 рубл имрӯз 0,1555 -1610 сомонӣ харидуфурӯш шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1570 то 0.1600 ва дар "Алифбонк" 1 рубл аз 0,1555то 0,1600 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар мешавад.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.