https://sputnik.tj/20211025/darguzasht-usufov-vakil-difoi-maruf-1043071833.html
“Зеби маҳфилҳо”: даргузашти Юсуфов, вакили дифоъи маъруф
“Зеби маҳфилҳо”: даргузашти Юсуфов, вакили дифоъи маъруф
Sputnik Тоҷикистон
Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшинос ва вакили дифоъи маъруфи тоҷик дар синни 61 – солагӣ олами фониро падруд гуфт
2021-10-25T09:43+0500
2021-10-25T09:43+0500
2021-10-25T13:56+0500
дар тоҷикистон
даргузашт
адвокат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/19/1043071782_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_5870107c34fa28d1b7a55f11a4fd1a0e.png
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Шоми рӯзи гузашта, 24 октябр, ҷанозаи вай аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфт. Хайрулло Ғафуров, яке аз пайвандони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ дар пайи сактаи қалбӣ даргузашта, ҷанозааш аз шаҳри Тамбови вилояти ҳамноми Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Абдуқаюм Юсуфов соли 1960 таваллуд ёфта, мактаби миёнаро дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич ва факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар Душанбе хатм кардааст. Қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ ӯ ҳуқуқшиноси шифохонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло, ҳоло Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва “Ориёнбонк” – яке аз аввалин бонкҳои нимаозоди Тоҷикистон буд. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ӯ ба фаъолияти вакилии дифоъ рӯ оварда, як муддати тӯлонӣ дар вазифаи муовини раиси коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон "Сипар" кор кард. Ӯ дар чандин парвандаи пурсарусадо дар ҷомеаи Тоҷикистон вакили дифоъ буд, ки яке аз онҳо парвандаи Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди миллӣ ва раиси Агентии назорати ғайриқонунии маводи нашъаовари Тоҷикистон аст. Абдуқаюм Юсуфов дар омода кардани Қонун "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" фаъолона ширкат намуда, ба намояндагӣ аз вакилони дифои Тоҷикистон талошҳои зиёдеро барои ҳифзи озодиҳои онҳо ба харҷ дод. Вай дар маҳофили байналмилалии баррасии масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии баён аз сӯи коршиносони ҷаҳон борҳо ҳуқуқшиносони мустақили Тоҷикистонро намояндагӣ карда, дар ҳамчунин маҳфилҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Аврупо ва Амрико ширкат намудааст. Ду соли охир миёни Душанбеву шаҳри Тамбови вилояти ҳамноми Русия, ки як фарзандаш бо хонаводааш он ҷо зиндагӣ дорад, равуо дошт ва ба қавли наздикон, тасмим дошт, ба Душанбе баргардад, зеро масъалаи кораш дар як созмони байналмилалӣ ниҳоӣ шуда буд. Ҷанозаи Абдуқаюм Юсуфов имрӯз, 25 октябр, пеш аз зуҳр дар масҷиди “Умари Одил” – и маҳаллаи Ҳосилоти шаҳри Душанбе баргузор ва ҷанозааш дар қабристони Сариосиё ба хок супурда шуд.
https://sputnik.tj/20211021/darguzasht-bakhtiyor-musiqinavoz-khujand-1043026704.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/19/1043071782_197:0:2017:1365_1920x0_80_0_0_244fc5a9ca09dee318ea6b06ee76dfe7.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт юсуфов вакил дифоъ маъруф
даргузашт юсуфов вакил дифоъ маъруф
“Зеби маҳфилҳо”: даргузашти Юсуфов, вакили дифоъи маъруф
09:43 25.10.2021 (Навсозишуда: 13:56 25.10.2021) Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшинос ва вакили дифои маъруфи тоҷик дар синни 61-солагӣ олами фониро падруд гуфт
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Шоми рӯзи гузашта, 24 октябр, ҷанозаи вай аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфт.
Хайрулло Ғафуров, яке аз пайвандони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ дар пайи сактаи қалбӣ даргузашта, ҷанозааш аз шаҳри Тамбови вилояти ҳамноми Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.
“Чанд рӯзи қабл мо тамоси телефонӣ доштем. Ҳеҷ шикояте аз сиҳҳати худ надошт. Аз суханрониҳояш низ фаҳмида намешуд, ки мариз аст ё аз чизе ранҷ мебарад. Аммо ба мо хабар расид, ки даргузаштааст”, - гуфт Хайрулло Ғафуров.
Абдуқаюм Юсуфов соли 1960 таваллуд ёфта, мактаби миёнаро дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич ва факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар Душанбе хатм кардааст.
Қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ ӯ ҳуқуқшиноси шифохонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло, ҳоло Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва “Ориёнбонк” – яке аз аввалин бонкҳои нимаозоди Тоҷикистон буд.
Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ӯ ба фаъолияти вакилии дифоъ рӯ оварда, як муддати тӯлонӣ дар вазифаи муовини раиси коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон "Сипар" кор кард.
Ӯ дар чандин парвандаи пурсарусадо дар ҷомеаи Тоҷикистон вакили дифоъ буд, ки яке аз онҳо парвандаи Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди миллӣ ва раиси Агентии назорати ғайриқонунии маводи нашъаовари Тоҷикистон аст.
Абдуқаюм Юсуфов дар омода кардани Қонун "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" фаъолона ширкат намуда, ба намояндагӣ аз вакилони дифои Тоҷикистон талошҳои зиёдеро барои ҳифзи озодиҳои онҳо ба харҷ дод.
Вай дар маҳофили байналмилалии баррасии масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии баён аз сӯи коршиносони ҷаҳон борҳо ҳуқуқшиносони мустақили Тоҷикистонро намояндагӣ карда, дар ҳамчунин маҳфилҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Аврупо ва Амрико ширкат намудааст.
Ду соли охир миёни Душанбеву шаҳри Тамбови вилояти ҳамноми Русия, ки як фарзандаш бо хонаводааш он ҷо зиндагӣ дорад, равуо дошт ва ба қавли наздикон, тасмим дошт, ба Душанбе баргардад, зеро масъалаи кораш дар як созмони байналмилалӣ ниҳоӣ шуда буд.
Ҷанозаи Абдуқаюм Юсуфов имрӯз, 25 октябр, пеш аз зуҳр дар масҷиди “Умари Одил” – и маҳаллаи Ҳосилоти шаҳри Душанбе баргузор ва ҷанозааш дар қабристони Сариосиё ба хок супурда шуд.