https://sputnik.tj/20211021/darguzasht-bakhtiyor-musiqinavoz-khujand-1043026704.html
Даргузашти Бахтиёр Раҳматуллоев, навозандаи номии Хуҷанд: ҳамагӣ 54 сол дошт
Даргузашти Бахтиёр Раҳматуллоев, навозандаи номии Хуҷанд: ҳамагӣ 54 сол дошт
Sputnik Тоҷикистон
Бахтиёр Раҳматуллоев, мусиқинавоз ва роҳбари бадеии Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ аз олам даргузашт
2021-10-21T23:34+0500
2021-10-21T23:34+0500
2021-10-22T11:03+0500
суғд
даргузашт
ҳунарманд
санъаткор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_0:139:2646:1627_1920x0_80_0_0_2b0641ee1c816dbd58b8236d972ccaf3.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Яке аз ҳамкорони марҳум дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Раҳматтуллоев як ҳафта қабл бар асари шиддати фишорбаландӣ, ғайриинтизор дучори сактаи мағзӣ гардиду дар бемористон бистарӣ шуд.Бахтиёр Раҳматуллоев 23 майи соли 1967 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Ӯ соли 1989 Омӯзишгоҳи мусиқи, Коллеҷи санъати кунунии шаҳри Хуҷандро хатм намуда, фаъолияти кориашро аз ҳамон сол дар дастаи эстрадаи рақсии "Шабнам" ҳамчун роҳбари мусиқӣ оғоз намудааст. Марҳум соли 2004 роҳбари бадеии ансанбли "Садои Суғд"-и Раёсати фарҳанги вилоят таъйин мегардад. Аз моҳи майи соли 2008, яъне аз рӯзи ташкили Муассисаи фарҳангии давлатии Кохи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ он ҷо истихдом шуда, то лаҳзаи вопасини умраш ҳамчун роҳбари бадеии ин маркази фарҳангӣ фаъолият мекард. Раҳматуллоев соли 2009 ба унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст. Инчунин вай бо дипломи Ҳунарпешаи беҳтарини эстрадаи вилояти Суғд аз ҷониби Вазорати фарҳанг қадрдонӣ гардидааст. Қарор аст, пагоҳ, соати 11 ҷанозаи ин ҳунарманд ба хок супурда шавад.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_147:0:2499:1764_1920x0_80_0_0_9cac77bca977d1bc87e920668bef1f4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт бахтиёр раҳматуллоев навозанда хуҷанд
даргузашт бахтиёр раҳматуллоев навозанда хуҷанд
Даргузашти Бахтиёр Раҳматуллоев, навозандаи номии Хуҷанд: ҳамагӣ 54 сол дошт
23:34 21.10.2021 (Навсозишуда: 11:03 22.10.2021) Бахтиёр Раҳматуллоев, мусиқинавоз ва роҳбари бадеии Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Яке аз ҳамкорони марҳум дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Раҳматтуллоев як ҳафта қабл бар асари шиддати фишорбаландӣ, ғайриинтизор дучори сактаи мағзӣ гардиду дар бемористон бистарӣ шуд.
"Ҳафтаи гузашта дар ҳолати кома қарор гирифтанд ва дар беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ карда шуданд, бо ҳамин дигар ба барнахестанд ва имрӯз ҷон ба Ҳақ супурданд. Аз марги нобаҳангоми Раҳматуллоев мо, ҳамкорон андуҳгин ҳастем", - гуфт ҳамкори марҳум.
Бахтиёр Раҳматуллоев 23 майи соли 1967 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.
Ӯ соли 1989 Омӯзишгоҳи мусиқи, Коллеҷи санъати кунунии шаҳри Хуҷандро хатм намуда, фаъолияти кориашро аз ҳамон сол дар дастаи эстрадаи рақсии "Шабнам" ҳамчун роҳбари мусиқӣ оғоз намудааст.
Марҳум соли 2004 роҳбари бадеии ансанбли "Садои Суғд"-и Раёсати фарҳанги вилоят таъйин мегардад.
Аз моҳи майи соли 2008, яъне аз рӯзи ташкили Муассисаи фарҳангии давлатии Кохи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ он ҷо истихдом шуда, то лаҳзаи вопасини умраш ҳамчун роҳбари бадеии ин маркази фарҳангӣ фаъолият мекард.
Раҳматуллоев соли 2009 ба унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст.
Инчунин вай бо дипломи Ҳунарпешаи беҳтарини эстрадаи вилояти Суғд аз ҷониби Вазорати фарҳанг қадрдонӣ гардидааст. Қарор аст, пагоҳ, соати 11 ҷанозаи ин ҳунарманд ба хок супурда шавад.