Олимон мегӯянд, таваллуди фарзанд занро бармаҳал пир мекунад: чӣ бояд кард то ҷавон монд

© Sputnik / Александр ПаниотовНоворожденный ребенок на руках у матери. Архивное фото
Новорожденный ребенок на руках у матери. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Обуна шудан
Олимон мег=янд, таваллуд кардан метавонад сабаби пиршавии бармаҳали занон бошад ва роҳи ҷавон монданро низ нишон доданд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Олимони Донишгоҳи Калифорния муайян карданд, ки таваллуди кӯдак занро 3-7 сол бузургтар мекунад.
Натиҷаҳои таҳқиқоти онҳо дар маҷаллаи Sleep Health нашр шудааст.
Дар доираи таҳқиқот, ҳомиладорӣ ва саломатии баъди таваллуди модарон санҷида шудааст. Дар ин росто намунаҳои хуни 33 модари аз 23 то 45-соларо тафтиш кардаанд.
Ҳангоми таҷрибаи илмӣ усулҳои муосиртарини таҳлили тағйирот дар ДНК истифода шудааст.
Градусник с горячим чаем - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Олимон роҳи ғайриоддии муҳофизат аз COVID-19-ро ёфтанд
Ҳамин тавр дар паи тадқиқот коршиносон ба хулосае омаданд, ки таваллуди кӯдак метавонад сабаби пиршавии бармаҳал гардад.
Заноне, ки таваллуд кардаанд, теломераҳояшон кӯтоҳ шудаанд - қисмҳои хромосомаҳо, ки бо мурури замон кам мешаванд. Ин яке аз нишондиҳандаҳои синну соли биологӣ аст: чӣ қадаре, ки ҳуҷайраҳо пиртар шаванд, ҳамон қадар теломерҳои он кӯтоҳтар мешавад.
Ба гуфти олимон, раванди пиршавӣ баъди таваллдуи фарзанд, ба камхобии модарони ҷавон алоқаманд аст.
Телефон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Панҷ одате, ки умри инсонро кӯтоҳ мекунад
Маълум шуд, ки як сол пас аз таваллуд, синни биологии заноне, ки дар як рӯз камтар аз ҳафт соат мехобиданд, аз синни модароне, ки бештар истироҳат мекарданд, 3-7 сол калонтар буд.

"Хоби кам дар моҳҳои аввали баъди таваллуд таъсири манфии дарозмуддат дорад. Хоби камтар аз ҳафт соат дар як рӯз ба саломатӣ зараровар аст ва хатари бемориҳои вобаста ба синну солро афзоиш медиҳад", - гуфт роҳбари таҳқиқот Ҷудит Кэрролл.

Муҳаққиқон ба хулоса омаданд, ки ҳар соати истироҳати иловагӣ модаронро ҷавон мекунад ва аз пиршавӣ нигоҳ медорад.
Лентаи хабарҳо
0