https://sputnik.tj/20211024/afghoniston-barq-tamin-1043070480.html
Афғонистон дубора бо барқ таъмин шуд
Афғонистон дубора бо барқ таъмин шуд
Sputnik Тоҷикистон
"Толибон"* ваъда додааст, террористҳоеро, ки дар таркиши хатҳои барқ даст доштанд, дастгир ва "аз байн" мебарад 24.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-24T19:00+0500
2021-10-24T19:00+0500
2021-10-25T12:58+0500
барқ
энергетика
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032687726_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_251ec9389f0e896198bf451b013bf496.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Низоми таъмини барқ дар Кобул пурра барқарор шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии ширкати "Breshna" хабар додааст. Онҳо ёдовар шуданд, ки бар асари таркиши манораҳои интиқоли барқ дар ноҳияи Қалъаи Муродбеки пойтахти Афғонистон баъзе аз вилоёт бе барқ монданд..Он замон сардори "Breshna" Ҳофиз Муҳаммадамин Форуқӣ ба ҷои ҳодиса рафт ва аз мақомоти кунунӣ, гурӯҳи "Толибон" * даъват кард, ки барои таъмини амнияти иншооти барқ талош кунад.Сардори Ситоди кулли ҷангиён Қорӣ Фасеҳуддин Фитрати Бадахшонӣ гуфт, ки афроди масъули таркиш "пайдо ва аз байн бурда мешаванд". Дар натиҷаи амалиёти вижае "Толибон"* се гумонбари тахрибкориро боздошт кард. Ёдовар мешавем, ки Афғонистон ба далели напардохтани қарзи нерӯи барқи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба хатари қатъи нерӯи барқ аз тарафи ин кишварҳо мувоҷеҳ аст.Қаблан ширкати энержии DABS -и ин ҷумҳурӣ ба Осиёи Марказӣ бо дархости қатъи интиқоли захираҳо ба кишвар муроҷиат карда буд. Роҳбарият ваъда додааст, қарзро, ки тақрибан 62 миллион долларро ташкил медиҳад, пардохт мекунад. Барои ҳалли мушкилот DABS нақша дорад, амволи мансабдорони ҳукумати собиқи Афғонистонро фурӯшад.* -созмони мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211022/infijori-poyai-barq-kobul-afghoniston-toriki-1043027836.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032687726_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_73fbd0cb820640d82ebc5c86ff9e0ee4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
барқ, энергетика, афғонистон
барқ, энергетика, афғонистон
Афғонистон дубора бо барқ таъмин шуд
19:00 24.10.2021 (Навсозишуда: 12:58 25.10.2021) "Толибон"* ваъда додааст, террористҳоеро, ки дар таркиши хатҳои барқ даст доштанд, дастгир ва "аз байн" мебарад
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Низоми таъмини барқ дар Кобул пурра барқарор шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии ширкати "Breshna" хабар додааст.
Онҳо ёдовар шуданд, ки бар асари таркиши манораҳои интиқоли барқ дар ноҳияи Қалъаи Муродбеки пойтахти Афғонистон баъзе аз вилоёт бе барқ монданд..
Он замон сардори "Breshna" Ҳофиз Муҳаммадамин Форуқӣ ба ҷои ҳодиса рафт ва аз мақомоти кунунӣ, гурӯҳи "Толибон" * даъват кард, ки барои таъмини амнияти иншооти барқ талош кунад.
Сардори Ситоди кулли ҷангиён Қорӣ Фасеҳуддин Фитрати Бадахшонӣ гуфт, ки афроди масъули таркиш "пайдо ва аз байн бурда мешаванд".
Дар натиҷаи амалиёти вижае "Толибон"* се гумонбари тахрибкориро боздошт кард.
Ёдовар мешавем, ки Афғонистон ба далели напардохтани қарзи нерӯи барқи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба хатари қатъи нерӯи барқ аз тарафи ин кишварҳо мувоҷеҳ аст.
Қаблан ширкати энержии DABS -и ин ҷумҳурӣ ба Осиёи Марказӣ бо дархости қатъи интиқоли захираҳо ба кишвар муроҷиат карда буд.
Роҳбарият ваъда додааст, қарзро, ки тақрибан 62 миллион долларро ташкил медиҳад, пардохт мекунад. Барои ҳалли мушкилот DABS нақша дорад, амволи мансабдорони ҳукумати собиқи Афғонистонро фурӯшад.
* -созмони мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон