Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷабборов гуфт, аломатгузории марз бояд зудтар ҳал шавад

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Кыргызстана Садыр Жапаров
Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Обуна шудан
Ҷабборов таъкид кард, ки кишварҳои ИДМ бояд дар якҷоягӣ тадбирҳои эътимодбахшро дар минтақаи сарҳадӣ тақвият диҳанд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов зимни суханронӣ дар нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ба масъалаи аломатгузории марзи давлатӣ дахл кард.
Ҷабборов ба зарурати идомаи ҳамкориҳо дар ҷиҳати ҳифзи сарҳадоти берунии ИДМ бо мақсади муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир ба амният таъкид кард.

"Дар баробари ин вазифаи муҳим барои мо ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадҳои давлатии кишварҳоямон дар рӯҳияи эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек аст", - гуфт президент.

Ба гуфти ӯ, риояи созишнома дар бораи таъсиси ИДМ, Эъломияи Алмаато, инчунин Эъломияи Маскав дар бораи риояи истиқлол, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳои кишварҳои узви ИДМ, ҳадафҳо ва принсипҳои дар ин ҳуҷҷатҳо ҷойдошта имрӯз беш аз пеш муҳиманд.
Военнослужащие вооруженных сил Кыргызстана на границе с Таджикистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон амният дар марз бо Тоҷикистонро таҳким мебахшад: сабаб
"Мо ҷонибдори ҳалли осоиштаи ихтилофҳо танҳо бо усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ бо мақсади таъмини амнияти минтақаӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳо ҳастем. Имрӯз ба мо низ лозим аст, ки дар якҷоягӣ корҳоро ҳамаҷониба ва босифат анҷом диҳем, то тадбирҳои эътимодбахшро дар сарҳадҳои худ тақвият диҳем", - гуфт Ҷабборов.
Раҳмон таҳдиди ҷиддӣ ба кишварҳои ИДМ аз Афғонистонро эълон кард
Вай афзуд, ки ҳамкорӣ бояд фоида ва натиҷаҳои воқеӣ диҳад.
Лентаи хабарҳо
0