https://sputnik.tj/20211023/dar-du-nerugohi-barqi-obii-tojikiston-korhoi-tamir-va-navsozi-idoma-dorad-1043055201.html
Дар ду нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон таъмиру навсозӣ идома дорад
Дар ду нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон таъмиру навсозӣ идома дорад
Sputnik Тоҷикистон
Дар НБО-и “Норак” ва “Бойғозӣ” корҳои таъмир ва навсозӣ ҷараён доранд
2021-10-23T13:20+0500
2021-10-23T13:20+0500
2021-10-24T16:13+0500
дар тоҷикистон
энергетика
таъмир
нбо норак
навсозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/25/1013232598_0:289:3127:2047_1920x0_80_0_0_bda411cf3c1c015bb7b615f19a140e1e.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Субҳониддини Маҳмуд, сармуҳандиси НБО-и “Норак” хабар додааст, ки дар агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Норак” корҳои навсозӣ идома дошта, мувофиқи нақшаи неругоҳ, агрегати дуюм дар таъмири ҷорӣ қарор дорад.Вай афзуд, мувофиқи нақша, рӯзҳои наздик баъзе агрегатҳои дигари неругоҳ низ таъмир мешаванд.Тибқи иттилои масъулини НБО-и “Норак, то имрӯз мутахассисон ин нерӯгоҳ аз рӯи нақшаи корҳо барои омода намудани он ба кори муътадилу устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 корҳои муҳим, аз ҷумла,захира намудани равғанҳои ТП–30 ва Т–1500, таъмири дегхонаи системаи гармидиҳӣ ва таъмини оби гарм, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизел-генераторҳо, баровардани селовардҳо аз барражҳои №1-2-и сойи Сафедоб ва аз ҳавзи сойи Лагерро иҷро намудаанд.Ҳамзамон масъулини нерӯгоҳи барқи обии “Бойғозӣ” низ барои истеҳсоли барқ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 омодагии ҷиддӣ гирифтаанд.Муовини сардори хадамоти истифодаи техникии нерӯгоҳи “Бойғозӣ” Тоҷиддин Зайниддинов хабар додааст, ки барои бо оби гарм ва низоми гармидиҳӣ таъмин намудани бинои маъмурии нерӯгоҳ дар дегҳои барқии обии 1,2,3 таъмир гузаронида шуда, қисмҳои корношоями онҳо аз нав барқарор гардид.Инчунин таъкид карда шудааст, ки барои таъмини бехатарии кормандон дар роҳи нақлиётгарди Чашма - Бойғозӣ ва Бойғозӣ - Оби Тӯғ 30 метри мукааб маводи зиддилағжиш, 500 км намак, 5 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 2 тонна сӯзишвории бензин захира шудааст.Масъулини нерӯгоҳ гуфтанд, ки дар асоси нақша, айни замон генератори дуюми он дар таъмири ҷорӣ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20211023/tojikiston-sodirot-barq-qirghiziston-qat-1043052965.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/25/1013232598_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_60dfd41a02e2748c6d482afd8d255859.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, энергетика, норак, омодагӣ, навсозӣ, таъмир
тоҷикистон, энергетика, норак, омодагӣ, навсозӣ, таъмир
Дар ду нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон таъмиру навсозӣ идома дорад
13:20 23.10.2021 (Навсозишуда: 16:13 24.10.2021) Дар НБО-и “Норак” ва “Бойғозӣ” корҳои таъмир ва навсозӣ ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Субҳониддини Маҳмуд, сармуҳандиси НБО-и “Норак” хабар додааст, ки дар агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Норак” корҳои навсозӣ идома дошта, мувофиқи нақшаи неругоҳ, агрегати дуюм дар таъмири ҷорӣ қарор дорад.
Вай афзуд, мувофиқи нақша, рӯзҳои наздик баъзе агрегатҳои дигари неругоҳ низ таъмир мешаванд.
Тибқи иттилои масъулини НБО-и “Норак, то имрӯз мутахассисон ин нерӯгоҳ аз рӯи нақшаи корҳо барои омода намудани он ба кори муътадилу устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 корҳои муҳим, аз ҷумла,захира намудани равғанҳои ТП–30 ва Т–1500, таъмири дегхонаи системаи гармидиҳӣ ва таъмини оби гарм, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизел-генераторҳо, баровардани селовардҳо аз барражҳои №1-2-и сойи Сафедоб ва аз ҳавзи сойи Лагерро иҷро намудаанд.
Ҳамзамон масъулини нерӯгоҳи барқи обии “Бойғозӣ” низ барои истеҳсоли барқ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 омодагии ҷиддӣ гирифтаанд.
Муовини сардори хадамоти истифодаи техникии нерӯгоҳи “Бойғозӣ” Тоҷиддин Зайниддинов хабар додааст, ки барои бо оби гарм ва низоми гармидиҳӣ таъмин намудани бинои маъмурии нерӯгоҳ дар дегҳои барқии обии 1,2,3 таъмир гузаронида шуда, қисмҳои корношоями онҳо аз нав барқарор гардид.
Инчунин таъкид карда шудааст, ки барои таъмини бехатарии кормандон дар роҳи нақлиётгарди Чашма - Бойғозӣ ва Бойғозӣ - Оби Тӯғ 30 метри мукааб маводи зиддилағжиш, 500 км намак, 5 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 2 тонна сӯзишвории бензин захира шудааст.
Масъулини нерӯгоҳ гуфтанд, ки дар асоси нақша, айни замон генератори дуюми он дар таъмири ҷорӣ қарор дорад.