Тоҷикистон баъди интиқоди сокинон содироти барқ ба Қирғизистонро қатъ кардааст

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередачи
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон содироти барқ ба Қирғизистонро, ки аввали моҳи октябр оғоз карда буд, қатъ намуд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Вазири энергетикаи Қирғизистон шарҳ дод, ки чаро Тоҷикистон содироти нерӯи барқ ​​ба Қирғизистонро қатъ кардааст.
Досқул Бекмурзаев, вазири энержии Қирғизистон ба хабарнигорон гуфтааст, ки Тоҷикистон содироти нерӯи барқ ​​ба ин кишварро пас аз сарусадои зиёд мутаваққиф кардааст, хабар медиҳанд расонаҳои қирғизӣ.

"Баъди интишори маълумот дар бораи воридоти нерӯи барқ ​​аз Тоҷикистон шӯру ғавғо баланд шуд, зеро онҳо низ сиёсатмадор доранд. Мо тавонистем, ки танҳо чор рӯз барқ ​​гирем”, - гуфт Бекмурзаев.

Дар баробари ин гуфта мешавад, барои бастани қарордод бо Тоҷикистон онҳо фурсат наёфтаанд.
Дар аввали моҳи октябр вазири энержии Қирғизистон эълом карда буд, ки аз рӯзи 1-ум кишвараш ба дарёфти нерӯи барқ ​​аз Тоҷикистон шуруъ кардааст. Ӯ ҳамзамон гуфт, ки ин бо хости ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Линии электропередач в мороз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Вазорати энергетикаи Тоҷикистон интиқоли ногаҳонии барқ ​​ба Қирғизистонро шарҳ дод
Хабари интиқоли барқ ба Қирғизистон мавриди бархӯрди шадиди шаҳрвандон карор гирифт. Ба навиштаи сокинон, дар сурати набуди таъминоти пурраи дохилӣ, содироти он ғайри қобили қабул аст. Аз нигоҳи сиёсӣ низ назарҳое буданд, ки гуфта мешуд, Тоҷикистон набояд чунин иқдом мекард.
Аммо баъди чанд рӯз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар шарҳи содирот гуфт, ки пешниҳоди интиқоли нерӯи барқ ба кишвари ҳамсоя аз ҷониби ҳамкорони қирғиз сурат гирифт.
Илова бар ин вазорат таъкид карда буд, ки нерӯи барқ ​​фурӯхта намешавад: ҷараён тибқи усули мувозинати тавозуни ҷараёни барқ ​​дар системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва минтақаи ҷанубии Қазоқистон сурат мегирад.
Ин ниҳод мегуфт, ҷониби Қирғизистон буд, ки барои хариди барқ ба ҶСК "Барқи Тоҷик" нома фиристод.
Лентаи хабарҳо
0