https://sputnik.tj/20211022/zulaykho-sabab-judo-shudan-shavharash-1043038700.html
Хиёнат? Зулайхо Маҳмадшоева сабаби ҷудо шудан аз шавҳарашро гуфт
Хиёнат? Зулайхо Маҳмадшоева сабаби ҷудо шудан аз шавҳарашро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева дар бораи мушкилищои муносибот дар оила гуфт
2021-10-22T14:30+0500
2021-10-22T14:30+0500
2021-10-22T18:19+0500
фарҳанг
иҷтимоъ
зулайхо маҳмадшоева
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102220/07/1022200754_0:130:2501:1536_1920x0_80_0_0_336f45283c33f177edb555a27aad5a84.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт— Sputnik. Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони ҷавону номдори тоҷик дар саҳифааш дар "Instagram" бо нашри аксе бо ҳамвандонаш суҳбат кард.Аз ҳама масъалаи муҳиме, ки таваҷҷуҳи мухлисони сарояндаро ҷалб кардааст, хонадор будан ё набудани ӯ будааст.Сароянда дар посух ба суоли мухлисонаш гуфтааст, ки "ҳамсар надорад ва танҳоӣ акнун барояш одат шудааст".Дар идомаи суҳбат аз Зулайхо сабаби ҷудо шудан аз ҳамсарашро пурсидаанд.Ин сарояндаи ҷавон дар сурудҳояш борҳо дар бораи хиёнату номардии мардон сароидааст. Ӯ ҳатто номи албоми охирашро "Намебахшам" унвон гузошт.Сароянда ҳамчунин сирри муваффақ будани худро низ ифшо кард. Ба гуфтаи Зулайхо, барои машҳур шудан заҳмат кашидан лозим аст. Дар баробари ин бовар дорад, ки орзуҳои бузургаш ӯро ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расонданд."Агар бигӯед, ба он кӯдаки дар чашими одамон назарногир чӣ кумак кард, мегӯям, аввал Худо ва баъдан орзуҳои зебоям", - гуфта буд Зулайхо Маҳмадшоева.Ногуфта намонад, ки Зулайхо Маҳмадшоева дар оғози фаъолияти ҳунарияш аз Манижа пайравӣ мекард. Ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо аз эҷодиёти Манижа месуруд."Ман Манижа Давлатро аз хурдӣ дӯст медораму пайрави сабки ӯ будам. Имрӯзҳо низ бо Манижа ҳамкорӣ дорам. Ӯ бароям оҳанг менависад, ман бошам, иҷро мекунам", - гуфта буд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Зулайхо Маҳмадшоева.Зулайхо Маҳмадшоева 9-уми сентябри соли 1993 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, дар оила фарзанди бузург мебошад. Ӯ инчунин се додар ва хоҳар низ дорад. Сароянда модари ду писар аст.
https://sputnik.tj/20210515/zulayho-ruzho-saht-kudaki-manizha-davlatova-1039466887.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102220/07/1022200754_140:0:2359:1664_1920x0_80_0_0_44b49bb1d9a622d41cf2548c84452a63.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зулайхо маҳмадшоева, шавҳар, ҷудо шудан, сабаб
зулайхо маҳмадшоева, шавҳар, ҷудо шудан, сабаб
Хиёнат? Зулайхо Маҳмадшоева сабаби ҷудо шудан аз шавҳарашро гуфт
14:30 22.10.2021 (Навсозишуда: 18:19 22.10.2021) Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева дар бораи пош хӯрдани оилааш суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 22 окт— Sputnik. Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони ҷавону номдори тоҷик дар саҳифааш дар "Instagram" бо нашри аксе бо ҳамвандонаш суҳбат кард.
Аз ҳама масъалаи муҳиме, ки таваҷҷуҳи мухлисони сарояндаро ҷалб кардааст, хонадор будан ё набудани ӯ будааст.
Сароянда дар посух ба суоли мухлисонаш гуфтааст, ки "ҳамсар надорад ва танҳоӣ акнун барояш одат шудааст".
Дар идомаи суҳбат аз Зулайхо сабаби ҷудо шудан аз ҳамсарашро пурсидаанд.
"Шавҳар доштам, хиёнат накарда буд, аммо корҳое кард, ки бахшиданаш номумкин буд, барои ҳамин ҷудо шудем", - шарҳ дод Зулайхо.
Ин сарояндаи ҷавон дар сурудҳояш борҳо дар бораи
хиёнату номардии мардон сароидааст. Ӯ ҳатто номи албоми охирашро "Намебахшам" унвон гузошт.
Сароянда ҳамчунин сирри муваффақ будани худро низ ифшо кард. Ба гуфтаи Зулайхо, барои машҳур шудан заҳмат кашидан лозим аст. Дар баробари ин бовар дорад, ки орзуҳои бузургаш ӯро ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расонданд.
"Агар бигӯед, ба он кӯдаки дар чашими одамон назарногир чӣ кумак кард, мегӯям, аввал Худо ва баъдан орзуҳои зебоям", - гуфта буд Зулайхо Маҳмадшоева.
Ногуфта намонад, ки Зулайхо Маҳмадшоева дар оғози фаъолияти ҳунарияш аз Манижа пайравӣ мекард. Ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо аз эҷодиёти Манижа месуруд.
"Ман Манижа Давлатро аз хурдӣ дӯст медораму пайрави сабки ӯ будам. Имрӯзҳо низ бо Манижа ҳамкорӣ дорам. Ӯ бароям оҳанг менависад, ман бошам, иҷро мекунам", - гуфта буд дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон Зулайхо Маҳмадшоева.
Зулайхо Маҳмадшоева 9-уми сентябри соли 1993 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, дар оила фарзанди бузург мебошад. Ӯ инчунин се додар ва хоҳар низ дорад.
Сароянда модари ду писар аст.