https://sputnik.tj/20211022/vkkh-uzbekiston-bozgasht-saad-1043044020.html
ВКХ: Ӯзбекистон қасди бозгашт ба СААД-ро надорад
ВКХ: Ӯзбекистон қасди бозгашт ба СААД-ро надорад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири ӯзбек тавзеҳ дод, ки чӣ тавр Ӯзбакистон ба таҳдидҳои террористӣ посух медиҳад
2021-10-22T18:30+0500
2021-10-22T18:30+0500
2021-10-22T20:53+0500
амният ва мудофиа
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
узвият
саад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102788/14/1027881466_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_fa2944532c2e0174d61e740e2804c53b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Ӯзбекистон тасмим надорад, ки ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргардад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов ба хабарнигорон изҳор дошт.Комилов эҳтимолияти ҳамлаҳои ҳадафманди террористиро истисно накарда ва илова намуд, ки Ӯзбекистон омодааст, онҳоро дар шакли муносибатҳои дуҷониба ва муттаҳид кардани нерӯҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгирӣ кунад."Гирифтани саривақтии иттилоот, огоҳӣ ва фишор бояд вазифаи мо бошад. Ҳамзамон бо Федератсияи Русия ва давлатҳои ҳамсоя фаъолона ҳамкорӣ идома дорад ", - гуфт Комилов.Вазири ӯзбек истисно накард, ки агар вазъ бад шавад, шаклҳои ҳамкорӣ метавонад тағйир ёбад.Ӯзбекистон дар СААДМиёнаҳои соли 1992 Ӯзбекистон ҳамроҳ бо Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Тошканд Созишномаи амнияти дастаҷамъиро имзо карданд, ки аз апрели соли 1994 эътибор пайдо кард.Созишнома барои 5 сол бо имкони тамдид имзо шуд. Соли 1999 Ӯзбекистон аз имзои дубораи ин санад даст кашид.Қарор дар бораи пайвастани пурраи Ӯзбекистон ба СААД моҳи августи соли 2006 қабул шуд, аммо соли 2012 Тошканд дар бораи қатъи узвияти Ӯзбекистон дар ин созмон дархост дод.
https://sputnik.tj/20210723/grozin-uzbekiston-vazi-afghoniston-spad-1041136953.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102788/14/1027881466_0:0:1065:799_1920x0_80_0_0_ca2642acdc244bd1bf16ea5320a65007.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкх ӯзбекистон бозгашт саад
вкх ӯзбекистон бозгашт саад
ВКХ: Ӯзбекистон қасди бозгашт ба СААД-ро надорад
18:30 22.10.2021 (Навсозишуда: 20:53 22.10.2021) Вазири ӯзбек тавзеҳ дод, ки чӣ тавр Ӯзбекистон ба таҳдидҳои террористӣ посух медиҳад
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Ӯзбекистон тасмим надорад, ки ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргардад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов ба хабарнигорон изҳор дошт.
"Мо зарурати бозгашти Ӯзбекистон ба СААД-ро бо ин фарзия, ки як навъ ҳамлаи артишҳо ба сӯи Осиёи Марказӣ сурат хоҳад гирифт, намебинем, - тавзеҳ дод дипломат.
Комилов эҳтимолияти ҳамлаҳои ҳадафманди террористиро истисно накарда ва илова намуд, ки Ӯзбекистон омодааст, онҳоро дар шакли муносибатҳои дуҷониба ва муттаҳид кардани нерӯҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгирӣ кунад.
"Гирифтани саривақтии иттилоот, огоҳӣ ва фишор бояд вазифаи мо бошад. Ҳамзамон бо Федератсияи Русия ва давлатҳои ҳамсоя фаъолона ҳамкорӣ идома дорад ", - гуфт Комилов.
Вазири ӯзбек истисно накард, ки агар вазъ бад шавад, шаклҳои ҳамкорӣ метавонад тағйир ёбад.
Миёнаҳои соли 1992 Ӯзбекистон ҳамроҳ бо Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Тошканд Созишномаи амнияти дастаҷамъиро имзо карданд, ки аз апрели соли 1994 эътибор пайдо кард.
Созишнома барои 5 сол бо имкони тамдид имзо шуд. Соли 1999 Ӯзбекистон аз имзои дубораи ин санад даст кашид.
Қарор дар бораи пайвастани пурраи Ӯзбекистон ба СААД моҳи августи соли 2006 қабул шуд, аммо соли 2012 Тошканд дар бораи қатъи узвияти Ӯзбекистон дар ин созмон дархост дод.