https://sputnik.tj/20211022/tartibot-nav-giriftan-patent-rusiya-1043038103.html
Тартиби нави гирифтани патент дар Русия: видео
Тартиби нави гирифтани патент дар Русия: видео
Sputnik Тоҷикистон
Федератсияи муҳоҷирони Федератсияи Русия шарҳ дод, ки пас аз тағйирот чӣ гуна бояд барои кор дар Маскав патент ба даст овард
2021-10-22T14:10+0500
2021-10-22T14:10+0500
2021-10-22T17:30+0500
муҳоҷират
муҳоҷир
патент
нав
тартиб
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102211/93/1022119339_0:123:3207:1927_1920x0_80_0_0_d4049479815a93427e8c34e465bc5ed7.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Федератсияи муҳоҷирони Русия қоидаҳои нави пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патентро мушаххас кард, хабар медиҳад маркази матбуотии ин раёсат.Президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов гуфт, барои дарёфти патент шаҳрвандони хориҷие, ки дар шаҳр ва вилояти Маскав ба сар мебаранд, тағйироти хурдеро мутаҳаммил мешаванд.Ҳамин тариқ аз 1 ноябри соли 2021 пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои ба даст овардани патент танҳо дар Маркази муҳоҷират дар Сахарово, дар суроғаи Варшавское шоссе, километри 64-ум ба роҳ монда мешавад.Маркази дувуми муҳоҷират, ки дар Красногорски вилояти Маскав, дар суроғаи Путилковское шоссе, дар 69-умин километри Роҳи ҳалқаии Маскав, наздикии маркази тиҷоратии "Гринвуд" воқеъ аст, баста мешавад. "Агар шумо то 1 ноябри соли 2021 ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патентро дар маркази муҳоҷират дар "Гринвуд" супорида бошед, бояд патентро низ аз он ҷо гиред", - гуфт Коженов. Федератсияи муҳоҷирони Русия хотиррасон кард, ки дар ҳоли вуҷуди суол метавон бо телефонҳои 8 963 997-42-10 ва 8 926 130-75-00 тамос гирифт. Илова бар ин бо суроғаи info@fmr-online.ru паёмҳои электронӣ қабул карда мешаванд.Ёдовар мешавем, қаблан Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия низ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш карда буд, ки пас аз навовариҳо эҳтиёткор бошанд.
https://sputnik.tj/20211021/omsk-arzish-patent-muhojiron-garon-1043022432.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102211/93/1022119339_238:0:2969:2048_1920x0_80_0_0_6df2594e6a011f677b83c605d1a821ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
патент, русия
Тартиби нави гирифтани патент дар Русия: видео
14:10 22.10.2021 (Навсозишуда: 17:30 22.10.2021) Федератсияи муҳоҷирони Русия шарҳ дод, ки пас аз тағйирот чӣ гуна бояд барои кор дар Маскав патент ба даст овард
ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Федератсияи муҳоҷирони Русия қоидаҳои нави пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патентро мушаххас кард, хабар медиҳад маркази матбуотии ин раёсат.
Президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов гуфт, барои дарёфти патент шаҳрвандони хориҷие, ки дар шаҳр ва вилояти Маскав ба сар мебаранд, тағйироти хурдеро мутаҳаммил мешаванд.
Ҳамин тариқ аз 1 ноябри соли 2021 пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои ба даст овардани патент танҳо дар Маркази муҳоҷират дар Сахарово, дар суроғаи Варшавское шоссе, километри 64-ум ба роҳ монда мешавад.
Маркази дувуми муҳоҷират, ки дар Красногорски вилояти Маскав, дар суроғаи Путилковское шоссе, дар 69-умин километри Роҳи ҳалқаии Маскав, наздикии маркази тиҷоратии "Гринвуд" воқеъ аст, баста мешавад.
"Агар шумо то 1 ноябри соли 2021 ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патентро дар маркази муҳоҷират дар "Гринвуд" супорида бошед, бояд патентро низ аз он ҷо гиред", - гуфт Коженов.
Федератсияи муҳоҷирони Русия хотиррасон кард, ки дар ҳоли вуҷуди суол метавон бо телефонҳои 8 963 997-42-10 ва 8 926 130-75-00 тамос гирифт. Илова бар ин бо суроғаи info@fmr-online.ru паёмҳои электронӣ қабул карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, қаблан Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия низ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш карда буд, ки пас аз навовариҳо эҳтиёткор бошанд.