Роҳбандӣ дар Душанбе: кадом масир ва то кай баста мешавад?

© Sputnik / Амир ИсаевДвижение транспорта по проспекту Рудаки в Душанбе
Движение транспорта по проспекту Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Обуна шудан
Ҳаракати нақлиёт дар яке аз кӯчаҳои Душанбе масдуд мешавад
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе аз масдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар масири марказии пойтахт хабар медиҳад.
Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ давоми як соат ба далели гузаронидани веломарафони ҷамъӣ ба хотири 30-солагии истиқлоли Тоҷикистн қатъ мешавад.

"23 октябр, аз соати 9:00 то 10:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз назди МД "Наврӯзгоҳ", тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то гулгашти Карамов (гардиши Товус) қатъ мегардад", - омадааст дар эълони шаҳрдорӣ.

Мақомоти шаҳри Душанбе аз ронандагони ҳама гуна воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардаанд, ки аз кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафати кӯчаи Ҳ. Шерозӣ истифода кунанд.
Таъмир дар роҳи Душанбе: ҳаракати нақлиёт чӣ гуна сурат мегирад
Ҳамчунин мақомот ронандагонро ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ даъват намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0