Коршиносон изҳороти Путинро дар бораи СММ шарҳ доданд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в заседании клуба "Валдай"
Президент РФ В. Путин принял участие в заседании клуба Валдай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Обуна шудан
Коршиносони рус баъзе нуқтаҳои суханронии Путинро дар ҷаласаи бошгоҳи "Валдай" таҳлил карданд
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар ҷаласаи клуби мубоҳисавии "Валдай" гуфт, ки тартиб додани феҳристи мушкилот ва таҳдидҳо дар сатҳи СММ арзанда аст ва бояд мутахассисон аз кишварҳои гуногун ба ин кор ҷалб карда шаванд.
Раҳбари Русия ҳамчунин қайд кард, ки қарорҳои гуногун дар бораи ислоҳоти СММ имконпазиранд, аммо агар аз вето даст кашанд, созмон ҳамон рӯз мемирад.
Анатолий Капустин, президент ва узви кумитаи иҷроияи Анҷумани ҳуқуқи байналмилалии Русия, ҳуқуқшиноси байналмилалӣ, андешаи Путинро бениҳоят оқилона номида, тахмин зад, ки он дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгирӣ хоҳад ёфт.
Президент РФ В. Путин принял участие в заседании клуба Валдай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Путин аз марги СММ гуфт
Коршинос қайд кард, ки бисёр соҳаҳо мудирияти возеҳи ҷаҳонӣ надоранд.
Агар ҳалли чунин мушкилоти глобалӣ ба сатҳи умумиҷаҳонии СММ расонида шавад, пас дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ "рӯйхати чораҳоеро барои муқобила бо ин таҳдидҳо таҳия карда, ба мушкилоте, ки имрӯз вуҷуд доранд, ҷавоб ёфтан" имконпазир хоҳад буд, илова кард Капустин.
Раиси Шӯрои ҳамкории байналмилалӣ ва дипломатияи ҷамъиятии Русия Сергей Орджоникидзе тавзеҳ дод, чаро СММ мемирад, агар вето аз созмон хориҷ карда шавад.
"Он мемирад, зеро маънои ҳуқуқи вето нигоҳ доштани тавозуни қувваҳост",- қайд кард коршинос.
Орджоникидзе афзуд, ба он чизҳое, ки барои Русия қобили қабул нест, вето гузоштан мумкин аст, аз қабили қатъномаҳои дорои хусусияти ҳатмии Шӯрои амният, ки аз ҷумла истифодаи зӯрро дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0