Ҳалокати зани 86-сола зери чархи мошин

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Обуна шудан
Ҳодисаи нохуш, ки дар он як зани куҳансол ба ҳалокат расидааст, дар ноҳияи Хуросон сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ронандае, ки дар ноҳияи Хуросон пиразани 86-соларо пахш намудааст, хостааст, ӯро ба бемористон барад, аммо пиразан дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.
Ба иттилои манбаъ, ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиразанро пахш намудааст.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-портер”, сокини ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Дӯстова Маълумбӣ, соли таваллудаш 1936, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро пахш намудааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Машина скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Садамаи маргбор дар Файзобод: ронанда фавтиду мусофиронаш бистарӣ шуданд
ВУД-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар натиҷа ин зан ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар роҳ ба беморхона даргузаштааст.
Дар ҳоли ҳозир, тибқи иттилои ВУД-и Тоҷикистон, таҳқиқи кормандони милитсия дар робита ба ин ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0