https://sputnik.tj/20211022/aholii-tojikiston-alayhi-covid-19-vaksina-1043045219.html
Чанд нафар аз аҳолии Тоҷикистон алайҳи COVID-19 ваксина гирифтанд?
Чанд нафар аз аҳолии Тоҷикистон алайҳи COVID-19 ваксина гирифтанд?
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон вазъи ваксиназанӣ алайҳи коронавирусро шарҳ дод
2021-10-22T20:00+0500
2021-10-22T20:00+0500
2021-10-22T21:03+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
дору
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/01/1040574704_0:155:3365:2048_1920x0_80_0_0_0795d2c849ea67ce5a69abf5a3d20c64.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон 45,2% аҳолии калонсоли кишвар зидди коронавирус ваксина гирифтаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ. Ҳамин тариқ то 20 октябри соли равон 2 632 058 нафар алайҳи COVID-19 ваксина гирифтааст, ки ин 45,2% аҳолии калонсолро ташкил медиҳад. 2 106 807 нафар вояи дувуми ваксинаро гирифтаанд.Дар ҳамин ҳол дар Душанбе беш аз 100% шумораи сокинони аз 18-сола боло эм шудаанд. Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва муқобила бо коронавирус, аз 3 июли соли ҷорӣ барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ваксингирӣ зидди коронавирус ҳатмӣ мебошад. Тибқи гузориши ин ниҳод, тавассути механизми COVAX ва кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон тақрибан 5 миллион вояи ваксинаи коронавирус ворид шудааст.Феълан дар Тоҷикистон панҷ доруи зидди COVID-19 мавҷуд аст: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Sputnik V.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/01/1040574704_376:0:3107:2048_1920x0_80_0_0_6987889eea533c32376ea6dddfa7f8d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, covid-19, ваксина,
тоҷикистон, covid-19, ваксина,
Чанд нафар аз аҳолии Тоҷикистон алайҳи COVID-19 ваксина гирифтанд?
20:00 22.10.2021 (Навсозишуда: 21:03 22.10.2021) Вазорати тандурустии Тоҷикистон вазъи ваксиназанӣ алайҳи коронавирусро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон 45,2% аҳолии калонсоли кишвар зидди коронавирус ваксина гирифтаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Ҳамин тариқ то 20 октябри соли равон 2 632 058 нафар алайҳи COVID-19 ваксина гирифтааст, ки ин 45,2% аҳолии калонсолро ташкил медиҳад.
2 106 807 нафар вояи дувуми ваксинаро гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол дар Душанбе беш аз 100% шумораи сокинони аз 18-сола боло эм шудаанд.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва муқобила бо коронавирус, аз 3 июли соли ҷорӣ барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ваксингирӣ зидди коронавирус ҳатмӣ мебошад.
"Шахсоне, ки ваксина нагирифтаанд, ҳатман бояд ба пизишки оилавӣ ё муассисаи тиббии маҳалли зисташон муроҷиат кунанд. Ваксинаи коронавирус ройгон гузаронида мешавад", - омадааст дар хабари Вазорати тандурустӣ.
Тибқи гузориши ин ниҳод, тавассути механизми COVAX ва кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон тақрибан 5 миллион вояи ваксинаи коронавирус ворид шудааст.
Феълан дар Тоҷикистон панҷ доруи зидди COVID-19 мавҷуд аст: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Sputnik V.