https://sputnik.tj/20211021/tolibon-maskav-muzokirot-1043003023.html
"Толибон"* дар Маскав боз як музокирот анҷом дод: кӣ дар он ширкат кард
"Толибон"* дар Маскав боз як музокирот анҷом дод: кӣ дар он ширкат кард
Sputnik Тоҷикистон
Толибон пас аз мулоқот дар формати Маскав бо фиристодаҳои вижаи Русия, Чин ва Покистон аз ширкат дар мулоқоти нав хабар доданд
2021-10-21T09:45+0500
2021-10-21T09:45+0500
2021-10-21T18:46+0500
сиёсат
маскав
афғонистон
чин
покистон
гурӯҳи террористии "толибон"
нишаст
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043002080_0:0:3049:1716_1920x0_80_0_0_504b58aa6b9e2e37e6d2191de8d25b49.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Пас аз мулоқот дар формати Маскав ҳайати "Толибон"* дар мулоқот бо намояндагони вижаи Русия, Чин ва Покистон ширкат кард. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Афғонистон Абдулқаҳҳор Балхӣ гуфт, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо ҳукумати нави Афғонистон "ҳамкориро идома диҳанд" ва инчунин дар масъалаи бозкушоии дороиҳои бонкии Афғонистон ҳамкорӣ кунанд. "Пас аз иштирок дар вохӯрӣ дар формати Маскав ҳайати баландпояи Аморати Исломӣ (низоми сиёсии худхондаи "Толибон"*, - шарҳи идора) таҳти раёсати муовини сарвазир Абдусалом Ҳанафӣ дар як мулоқоти чорҷониба, бо ҳузури намояндагони махсуси Русия, Чин ва Покистон ширкат кард", - навиштааст Балхӣ дар "Твиттер".Ёдовар мешавем, ки 20 октябр дар пойтахти Русия нишасти Маскав дар бораи Афғонистон баргузор шуд. Дар он намояндагони даҳ кишвари минтақа ва як ҳайати баландпояи "Толибон"* ширкат карданд. Масъалаҳои асосии ин нишаст баррасии вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон, кумакҳои башардӯстона ва ташкили ҳукумати фарогир буданд. Муовини раиси ҳукумати муваққатии Афғонистон Абдусалом Ҳанафӣ гуфтушунидро мусбат арзёбӣ кард. Толибон гуфтаанд, ки ҳукумати ташкилшуда ниҳоӣ нест ва таркиби қудрат тағйир хоҳад ёфт. * - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211020/tolibon-natijaho-muloqot-maskav-video-1043000654.html
маскав
афғонистон
чин
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043002080_14:0:2745:2048_1920x0_80_0_0_0327d24fa69e8f04858554b1d8192505.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон маскав музокирот кард
толибон маскав музокирот кард
"Толибон"* дар Маскав боз як музокирот анҷом дод: кӣ дар он ширкат кард
09:45 21.10.2021 (Навсозишуда: 18:46 21.10.2021) "Толибон"* пас аз мулоқот дар формати Маскав аз дигар дидоре бо фиристодаҳои вижаи Русия, Чин ва Покистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Пас аз мулоқот дар формати Маскав ҳайати "Толибон"* дар мулоқот бо намояндагони вижаи Русия, Чин ва Покистон ширкат кард.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Афғонистон Абдулқаҳҳор Балхӣ гуфт, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо ҳукумати нави Афғонистон "ҳамкориро идома диҳанд" ва инчунин дар масъалаи бозкушоии дороиҳои бонкии Афғонистон ҳамкорӣ кунанд.
"Пас аз иштирок дар вохӯрӣ дар формати Маскав ҳайати баландпояи Аморати Исломӣ (низоми сиёсии худхондаи "Толибон"*, - шарҳи идора) таҳти раёсати муовини сарвазир Абдусалом Ҳанафӣ дар як мулоқоти чорҷониба, бо ҳузури намояндагони махсуси Русия, Чин ва Покистон ширкат кард", - навиштааст Балхӣ дар "Твиттер".
Ёдовар мешавем, ки 20 октябр дар пойтахти Русия нишасти Маскав дар бораи Афғонистон баргузор шуд. Дар он намояндагони даҳ кишвари минтақа ва як ҳайати баландпояи "Толибон"* ширкат карданд.
Масъалаҳои асосии ин нишаст баррасии вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон, кумакҳои башардӯстона ва ташкили ҳукумати фарогир буданд.
Муовини раиси ҳукумати муваққатии Афғонистон Абдусалом Ҳанафӣ гуфтушунидро мусбат арзёбӣ кард.
Толибон гуфтаанд, ки ҳукумати ташкилшуда ниҳоӣ нест ва таркиби қудрат тағйир хоҳад ёфт.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон