https://sputnik.tj/20211020/tolibon-natijaho-muloqot-maskav-video-1043000654.html
"Толибон"* аз натиҷаҳои мулоқот дар Маскав гуфтанд - видео
"Толибон"* аз натиҷаҳои мулоқот дар Маскав гуфтанд - видео
Sputnik Тоҷикистон
"Толибон"* аз натиҷаи мулоқоти Маскав изҳор доштанд, ки ҳукумати фаълияшон ниҳоӣ набуда, он таҷдид хоҳад шуд
2021-10-20T21:05+0500
2021-10-20T21:05+0500
2021-10-21T10:54+0500
маскав
мулоқот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1043000197_0:0:2847:1602_1920x0_80_0_0_865b875aaf3ccb50c8963edbaff22e62.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Абдусалом Ҳанафӣ, ноиби сарвазири ҳукумати "Толибон"* дар ҷамъбасти дидор Маскав гуфт, ки ин вохӯрӣ дар фазои мусбат баргузор шуд. Ба гуфтаи Ҳанафӣ, ки дар садри ҳайати "Толибон"* дар Маскав қарор дорад, ҳамаи кишварҳои иштирокдор муҳимияти тамосҳо бо ин гурӯҳро таъкид намуданд. Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии ҳукумати "Толибон"*, гуфт, кишварҳо ҷонибдорияшонро аз бозгушоии дороиҳои Афғонистон дар бонкҳои хориҷӣ баён доштанд. Инчунин таъкид шудааст, ки ҳукумати феълӣ дар Афғонистон ниҳоӣ набуда, он таҷдид мешавад. Мулоқоти "формати Маскав" бо иштироки ҳайати "Толибон"*, вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров, намояндаи махсуси президенти Русия дар умури Афғонистон Замир Кабулов, сафири Русия дар Афғонистон Дмитрий Жирнов ва инчунин дипломатҳои кишварҳои минтақа, ки муқими Маскаванд, баргузор шуд.Қаблан хабар дода шуд, ки дар ҷараёни машваратҳо дар бораи Афғонистон дар Маскав Замир Кобулов ба мавзӯи эътирофи байналмилалии ҳукумати "Толибон"* дахл кард.Ин сиёсатмадор афзуд, ки дар робита ба ин масъала барои "Толибон"* "ҳеҷ муҳлат"-е муқаррар нашудааст.Намояндаи Вазорати хориҷа қайд кард, ки Русия интизор дорад, ин гурӯҳ ваъдаҳои худ ба ҷомеаи байналмилалиро иҷро мекунад.Маврид ба зикр аст, ки "Толибон" дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ҳукуматро дар нимаи моҳи август ғасб намуда, аз ташкили аморати ба ном исломӣ хабар дод. * -гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20211020/posukh-tolibon-lavrov-hukumat-farogir-1042992881.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1043000197_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_01246e5fce88744b524f7c618eafc0cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, мулоқот, маскав, натиҷа
толибон, мулоқот, маскав, натиҷа
"Толибон"* аз натиҷаҳои мулоқот дар Маскав гуфтанд - видео
21:05 20.10.2021 (Навсозишуда: 10:54 21.10.2021) "Толибон"* дар пайи мулоқоти Маскав изҳор дошт, ки ҳукумати феълияшон ниҳоӣ набуда, он таҷдид хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Абдусалом Ҳанафӣ, ноиби сарвазири ҳукумати "Толибон"* дар ҷамъбасти дидор Маскав гуфт, ки ин вохӯрӣ дар фазои мусбат баргузор шуд.
"Ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда таъйид намуданд, ки Афғонистон бояд кишвари амну муътадил бошад", - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи Ҳанафӣ, ки дар садри ҳайати "Толибон"* дар Маскав қарор дорад, ҳамаи кишварҳои иштирокдор муҳимияти тамосҳо бо ин гурӯҳро таъкид намуданд.
Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии ҳукумати "Толибон"*, гуфт, кишварҳо ҷонибдорияшонро аз бозгушоии дороиҳои Афғонистон дар бонкҳои хориҷӣ баён доштанд.
Инчунин таъкид шудааст, ки ҳукумати феълӣ дар Афғонистон ниҳоӣ набуда, он таҷдид мешавад.
Мулоқоти "формати Маскав" бо иштироки ҳайати "Толибон"*, вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров, намояндаи махсуси президенти Русия дар умури Афғонистон Замир Кабулов, сафири Русия дар Афғонистон Дмитрий Жирнов ва инчунин дипломатҳои кишварҳои минтақа, ки муқими Маскаванд, баргузор шуд.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар ҷараёни машваратҳо дар бораи Афғонистон дар Маскав Замир Кобулов ба мавзӯи эътирофи байналмилалии ҳукумати "Толибон"* дахл кард.
Ин сиёсатмадор афзуд, ки дар робита ба ин масъала барои "Толибон"* "ҳеҷ муҳлат"-е муқаррар нашудааст.
Намояндаи Вазорати хориҷа қайд кард, ки Русия интизор дорад, ин гурӯҳ ваъдаҳои худ ба ҷомеаи байналмилалиро иҷро мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки "Толибон" дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ҳукуматро дар нимаи моҳи август ғасб намуда, аз ташкили аморати ба ном исломӣ хабар дод.
* -гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар