https://sputnik.tj/20211021/tojikiston-chin-guzargohh-marz-muvofiqa-1043011535.html
Созиши Тоҷикистону Чин барои аз нав муҷаҳҳаз сохтани гузаргоҳҳои марзӣ
Созиши Тоҷикистону Чин барои аз нав муҷаҳҳаз сохтани гузаргоҳҳои марзӣ
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар як қатор чораҳоро оид ба пешгирии ҷамъшавии мошинҳои зиёд дар гузаргоҳҳо баррасӣ карданд
2021-10-21T14:35+0500
2021-10-21T14:35+0500
2021-10-21T15:19+0500
дар тоҷикистон
чин
нақлиёт
ҳамкорӣ
марз
қулма
гумрук
боркашонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043009720_0:80:1200:755_1920x0_80_0_0_7d95ae5a7b67bf29b089d74b7cf4ae58.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Чин вазъи интиқоли бор тавассути гузаргоҳҳои марзии ду кишварро баррасӣ карданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ. Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим, кордори сафорати Чин дар Душанбе Чэн Дэйвэнро ба ҳузур пазируфт.Қаблан роҳҳои афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ аз Чин ба Тоҷикистон дар ҷаласаи гурӯҳи байниидоравӣ баррасӣ шуда буд. Сипас намояндагони ду кишвар аз гузаргоҳи Қулма дар марзи Тоҷикистону Чин дидан карданд. Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷамъ шудани миқдори зиёди мошинҳо дар гузаргоҳҳо ба ҶСП "Тоҷиквнештранс" супориш диҳанд, ки имкони харидани кранҳои магнитӣ ва насб кардани онро дар гузаргоҳи Қулмаро баррасӣ кунад. Инчунин ба зарурати риояи талаботи тасдиқшудаи ҳаҷм ва андозаи мошинҳои боркаш ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ таъкид карданд. Чин барои сохтмони роҳ дар шарқи Тоҷикистон пул медиҳадҲамин тариқ, тасмим гирифта шуд, тибқи ҷадвали мувофиқашуда, ҷониби Чин контейнерҳои холии безарарнашударо қабул накунад. Вазорати тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳарчи зудтар сохтмони нуқтаи безараргардонии мошинҳо ва контейнерҳоро дар гузаргоҳ таъмин намояд.
https://sputnik.tj/20210927/rahmon-shohrohi-kulob-khorugh-istifoda-1042512202.html
чин
қулма
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043009720_44:0:1156:834_1920x0_80_0_0_d4a48f43d749ad9a95c991e50907ba9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон чин гузаргоҳ марз
тоҷикистон чин гузаргоҳ марз
Созиши Тоҷикистону Чин барои аз нав муҷаҳҳаз сохтани гузаргоҳҳои марзӣ
14:35 21.10.2021 (Навсозишуда: 15:19 21.10.2021) Намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар робита ба пешгирӣ аз таҷаммуи мошинҳо дар гузаргоҳҳои марзӣ табодули назар карданд
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Чин вазъи интиқоли бор тавассути гузаргоҳҳои марзии ду кишварро баррасӣ карданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим, кордори сафорати Чин дар Душанбе Чэн Дэйвэнро ба ҳузур пазируфт.
"Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд", - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ.
Қаблан роҳҳои афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ аз Чин ба Тоҷикистон дар ҷаласаи гурӯҳи байниидоравӣ баррасӣ шуда буд. Сипас намояндагони ду кишвар аз гузаргоҳи Қулма дар марзи Тоҷикистону Чин дидан карданд.
Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷамъ шудани миқдори зиёди мошинҳо дар гузаргоҳҳо ба ҶСП "Тоҷиквнештранс" супориш диҳанд, ки имкони харидани кранҳои магнитӣ ва насб кардани онро дар гузаргоҳи Қулмаро баррасӣ кунад.
Инчунин ба зарурати риояи талаботи тасдиқшудаи ҳаҷм ва андозаи мошинҳои боркаш ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ таъкид карданд.
Ҳамин тариқ, тасмим гирифта шуд, тибқи ҷадвали мувофиқашуда, ҷониби Чин контейнерҳои холии безарарнашударо қабул накунад.
Вазорати тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳарчи зудтар сохтмони нуқтаи безараргардонии мошинҳо ва контейнерҳоро дар гузаргоҳ таъмин намояд.