Як қадам ба Чин наздиктар: Раҳмон як қисми шоҳроҳро дар Помир кушод

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкПовседневная жизнь
Повседневная жизнь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Обуна шудан
Президент дар зимни сафараш ба ВМКБ қисмате аз шоҳроҳи Кӯлоб - Хоруғ - Қулма - Чин, аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвозро ба истифода дода, ба сохтмони роҳи Дарвоз - дарвозаи Рӯшон ҳусни оғоз бахшид
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон қисмати шоҳроҳи Кӯлоб - Хоруғ - Қулма - Чин аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвозро мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.
Масофаи роҳи мошингарди қисмати шоҳроҳи Кӯлоб - Хоруғ - Қулма - Чин 25 километру 640 метр буда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд, Хазинаи саудии рушд, Хазинаи кувейтии рушди иқтисодии араб ва Хазинаи ОПЕК бо харҷи қариб 32 миллион доллар куллан навсозӣ шудааст, хабар медиҳад котиботи президент.
Сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб - Хоруғ -Қулма - Чин се сол пеш оғоз шуда буд.
"Дар асоси лоиҳаи "Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб", қитъаи Шкев - шаҳраки Қалъаи Хумб аз ду хати роҳ иборат буда, паҳноии стандартии роҳ ба 12 метр ва паҳноии қисмати роҳи мошингард 7 метрро ташкил медиҳад. Канораҳои роҳ аз ду тараф ба дуюним метр баробар мебошад",-афзудааст манбаъ.
Сафари кории Раҳмон ба ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон рафт
Гуфта мешавад, дар ин масир ҳамзамон 1 пули мошингузар ва ду ҳазору 92 метри мукааб лӯлаи обгузар насб гардида, 30 ҳазору 886 метр пойдевори муҳофизатӣ бунёд шудааст, ки ин тадбир дар пешгирӣ аз вайроншавии роҳ нақши муҳим дорад. Мутобиқи талабот, дар қитъаи мазкур ҳамчунин зиёда аз 630 аломати роҳ насб гардидааст.
Баъди ифтитоҳи қисмати шоҳроҳи Кӯлоб - Хоруғ - Қулма - Чин Эмомалӣ Раҳмон ба бунёду навсозии қитъаи роҳи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон оғози расмӣ бахшиданд.
Ин қитъаи роҳ 109 километрро ташкил дода, бо пурра таҷдиду навсозӣ гардидани он 16 километр кӯтоҳ мегардад ва роҳ дар маҷмуъ 92,3 километрро ташкил медиҳад. Маблағи лоиҳа наздики 2,5 миллиард сомониро дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0