https://sputnik.tj/20211021/erdughon-tahdid-safiron-dah-kishvar-turkiya-1043015609.html
Эрдуғон таҳдид кард, ки сафирони даҳ кишварро аз Туркия хориҷ менамояд
Эрдуғон таҳдид кард, ки сафирони даҳ кишварро аз Туркия хориҷ менамояд
Sputnik Тоҷикистон
Эрдуғон таҳдид кард, ки сафирони даҳ кишвар, аз ҷумла ИМА -ро аз Туркия ихроҷ хоҳад кард
2021-10-21T16:30+0500
2021-10-21T16:30+0500
2021-10-21T17:57+0500
сиёсат
има
туркия
раҷаб тайиб эрдуғон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0c/1032607570_0:0:2988:1682_1920x0_80_0_0_0a55d8de784bf67f6ae4feb000396b50.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон таҳдид кард, сафирони 10 давлат, аз ҷумла ИМА-ро, ки хостори озодии фаъоли ҳуқуқи башар Усмон Кавала буданд, аз ин кишвар хориҷ мекунад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба расонаҳои туркӣ.Қаблан сафоратҳои 10 кишвар - Канада, Фаронса, Финляндия, Дания, Олмон, Ҳолланд, Зеландияи Нав, Норвегия, Шветсия ва ИМА аз Туркия даъват карда буданд, ки Қаволаро озод кунад. Баъдан Вазорати корҳои хориҷии Туркия даъвати сафирони ин кишварҳоро тасдиқ ва зарурати риояи Конвенсияи Вена дар бораи ба муносибатҳои дипломатиро хотиррасонашон кард.Танини изҳороти Эрдуғон дар бораи кишварҳои пурқудрат"Чаро ин 10 сафир чунин изҳорот мекунанд? Ман ба Вазорати умури хориҷӣ гуфтам, ки мо барои қабули онҳо дар кишвар хуш надорем. Оё дарс додан ба Туркия кори шумост? Шумо кистед? Каваларо монед. Оё шумо қотилон, террористон ва роҳзанонро дар кишварҳои худ мегузоред? Усмон Кавала як фаъоли маъруфи ҳуқуқи башар дар Туркия, муассиси бунёди фарҳангии "Anadolu Kültür" AŞ мебошад, ки лоиҳаҳои ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабиро дастгирӣ мекунад, аз ҷумла оштии байни аҳолии турку арман ва бо роҳи осоишта ҳал кардани масъалаи курдҳоро матраҳ мекунад. Моҳи феврали соли 2020 додгоҳи Туркия Каваларо бо иттиҳоми даст доштан дар кӯшиши сарнагун кардани ҳукумат дар эътирозҳои Истанбул соли 2013 сафед кард, аммо додситонии ин шаҳр худи ҳамон рӯз ҳукми нави боздошти ӯро содир намуд. Нисбати Кавала ин дафъа барои даст доштан дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия дар моҳи июли 2016 айб эълон шуд.
https://sputnik.tj/20211019/vokunish-zhirinovskiy-izhoroti-erdughon-shuroi-amniyat-smm-1042976595.html
има
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0c/1032607570_257:0:2988:2048_1920x0_80_0_0_478d1b8d1f59be1633843be4b8d5bd4e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳдид, эрдуғон,
Эрдуғон таҳдид кард, ки сафирони даҳ кишварро аз Туркия хориҷ менамояд
16:30 21.10.2021 (Навсозишуда: 17:57 21.10.2021) Эрдуғон таҳдид кард, ки сафирони даҳ кишвар, аз ҷумла ИМА-ро аз Туркия ихроҷ мекунад
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон таҳдид кард, сафирони 10 давлат, аз ҷумла ИМА-ро, ки хостори озодии фаъоли ҳуқуқи башар Усмон Кавала буданд, аз ин кишвар хориҷ мекунад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба расонаҳои туркӣ.
Қаблан сафоратҳои 10 кишвар - Канада, Фаронса, Финляндия, Дания, Олмон, Ҳолланд, Зеландияи Нав, Норвегия, Шветсия ва ИМА аз Туркия даъват карда буданд, ки Қаволаро озод кунад.
Баъдан Вазорати корҳои хориҷии Туркия даъвати сафирони ин кишварҳоро тасдиқ ва зарурати риояи Конвенсияи Вена дар бораи ба муносибатҳои дипломатиро хотиррасонашон кард.
"Чаро ин 10 сафир чунин изҳорот мекунанд? Ман ба Вазорати умури хориҷӣ гуфтам, ки мо барои қабули онҳо дар кишвар хуш надорем. Оё дарс додан ба Туркия кори шумост? Шумо кистед? Каваларо монед. Оё шумо қотилон, террористон ва роҳзанонро дар кишварҳои худ мегузоред?
Онҳо ҳамеша ҷавоб медиҳанд: "Суд мустақил аст". Яъне додгоҳи шумо мустақил аст, суди мо бошад вобаста? Додгоҳи мо намунаи беҳтарини мустақилиятро нишон медиҳад", - гуфт Эрдуғон ба хабарнигорони турк, замоне ки дар ҳавопаймо аз сафари кишварҳои Африқо бармегашт.
Усмон Кавала як фаъоли маъруфи ҳуқуқи башар дар Туркия, муассиси бунёди фарҳангии "Anadolu Kültür" AŞ мебошад, ки лоиҳаҳои ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабиро дастгирӣ мекунад, аз ҷумла оштии байни аҳолии турку арман ва бо роҳи осоишта ҳал кардани масъалаи курдҳоро матраҳ мекунад.
Моҳи феврали соли 2020 додгоҳи Туркия Каваларо бо иттиҳоми даст доштан дар кӯшиши сарнагун кардани ҳукумат дар эътирозҳои Истанбул соли 2013 сафед кард, аммо додситонии ин шаҳр худи ҳамон рӯз ҳукми нави боздошти ӯро содир намуд.
Нисбати Кавала ин дафъа барои даст доштан дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия дар моҳи июли 2016 айб эълон шуд.