https://sputnik.tj/20211020/tolibon-marz-tojikiston-neru-vizha-tasis-1042981711.html
"Толибон"* наздик ба марзи Тоҷикистон нерӯи вижа таъсис дод
"Толибон"* наздик ба марзи Тоҷикистон нерӯи вижа таъсис дод
Sputnik Тоҷикистон
"Толибон"* дар Балх махсусан "Лашкари Мансурӣ" ташкил намуданд, ки лаҷоми ҷинояткориро кашанд
2021-10-20T10:30+0500
2021-10-20T10:30+0500
2021-10-20T10:52+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
осиёи марказӣ
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434637_0:160:3071:1887_1920x0_80_0_0_46c3d951fd6005ee82c1e42af3c43b51.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. "Толибон"* барои таъмини амният дар маркази вилояти Балх, шаҳри Мазори Шариф як воҳиди махсус таъсис доданд, хабар медиҳад "Tolo News" бо истинод ба нерӯҳои амниятии маҳаллӣ.Вилояти Балх дар шимоли Афғонистон ҷойгир аст ва бо Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамсарҳад мебошад.Шаҳри Мазори Шариф, ки тибқи баъзе манбаъҳо, тақрибан 500 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, як маркази муҳими тиҷорӣ ба ҳисоб меравад.Нерӯи махсусе, ки ҳоло бояд алайҳи ҷурму ҷиноят дар он ҷо муқобила кунад, "Лашкари Мансурӣ" гуфта мешавад. Вазъият дар Афғонистон моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи НАТО ва низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон, "Толибон"* ҳамаи шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол кард. Ҳамзамон, ҷангиён кафолат доданд, ки онҳо нияти ҳамла ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказиро надоранд.Эрон ба Афғонистон кумак фиристоду захмиёни инфиҷор дар масҷиди шиаҳоро барои табобат бурдЁдовар мешавем, рӯзи 20 октябр дар Маскав музокироти навбатӣ бо намояндагони "Толибон"* баргузор мешавад, ки дар он вазъи феълии ин кишвар ва таъсиси ҳукумати фарогир мавриди баррасии ҷонибҳо қарор хоҳад гирифт.Қаблан Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров изҳор дошт, ки онҳо "Толибон"*-ро ба ташкили ҳукумати фарогир ташвиқ мекунанд.* -гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20211020/lavrov-tolibon-tashkil-hukumati-farogir-tashviq-1042980599.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434637_171:0:2900:2047_1920x0_80_0_0_3418fac86b231b210b4ffeeb9189ddaf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон тоҷикистон марз толибон
афғонистон тоҷикистон марз толибон
"Толибон"* наздик ба марзи Тоҷикистон нерӯи вижа таъсис дод
10:30 20.10.2021 (Навсозишуда: 10:52 20.10.2021) "Толибон"* дар Балх ба манзури пешгирӣ аз ҷиноёт "Лашкари Мансурӣ" ташкил карданд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. "Толибон"* барои таъмини амният дар маркази вилояти Балх, шаҳри Мазори Шариф як воҳиди махсус таъсис доданд, хабар медиҳад "Tolo News" бо истинод ба нерӯҳои амниятии маҳаллӣ.
Вилояти Балх дар шимоли Афғонистон ҷойгир аст ва бо Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамсарҳад мебошад.
Шаҳри Мазори Шариф, ки тибқи баъзе манбаъҳо, тақрибан 500 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, як маркази муҳими тиҷорӣ ба ҳисоб меравад.
Нерӯи махсусе, ки ҳоло бояд алайҳи ҷурму ҷиноят дар он ҷо муқобила кунад, "Лашкари Мансурӣ" гуфта мешавад.
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи НАТО ва низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон, "Толибон"* ҳамаи шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол кард.
Ҳамзамон, ҷангиён кафолат доданд, ки онҳо нияти ҳамла ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказиро надоранд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 20 октябр дар Маскав музокироти навбатӣ бо намояндагони "Толибон"* баргузор мешавад, ки дар он вазъи феълии ин кишвар ва таъсиси ҳукумати фарогир мавриди баррасии ҷонибҳо қарор хоҳад гирифт.
Қаблан Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров изҳор дошт, ки онҳо "Толибон"*-ро ба ташкили ҳукумати фарогир ташвиқ мекунанд.
* -гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия