https://sputnik.tj/20211020/tasvir-tanosub-aholi-tojikiston-1042999441.html
Тасвири таносуби аҳолӣ дар Тоҷикистон: занон каманд
Тасвири таносуби аҳолӣ дар Тоҷикистон: занон каманд
Sputnik Тоҷикистон
Тасвири таносуби аҳолӣ дар Тоҷикистон: занон каманд
2021-10-20T20:30+0500
2021-10-20T20:30+0500
2021-10-21T10:38+0500
тасвирбаён
дар тоҷикистон
рушд
аҳолӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042995924_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_4ad0a1f2b21c6f008fa22c2bfdfc0308.png
Шумораи аҳолии Тоҷикистон то якуми октябри соли 2020 9 миллиону 661 ҳазору 600 нафарро ташкил дод.Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ аз соли 2010 ду миллиону 97, 1 ҳазор нафар ё 27,7%, дар қиёс бо маълумот дар бораи шумораи аҳолӣ дар январи соли 2020 347,8 ҳазор нафар ё 3,7% афзоиш ёфтааст.Бино ба иттилои Агентии омор, то 1 октябри соли 2020 аҳолии шаҳрҳо 2 миллиону 528, 6 ҳазор ё 26,2% ва аҳолии деҳот 7 миллиону 133 ҳазор нафар ё 73,8%-ро ташкил медиҳад.Теъдоди мардҳо ба 4 миллиону 901 (2010 – 3 миллиону 817) ҳазор ва занҳо 4 миллиону 760 (2010 – 3 миллиону 745,5) ҳазор нафар расидааст.Фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон” 30 сентябри соли 2020 ба имзо расида буд.Афзоиши ташвишзои аҳолии Тоҷикистон Ин барӯйхатгирӣ бо ҳимояти Сандуқи ҷамъияти СММ (UNFPA), тибқи Барномаи тақвияти омори ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон барои давраи 2020-2023 анҷом шуда, тавассути ҳукумати Русия ба маблағи 2.15 миллион доллар сармоягузорӣ мешавад.Мақомоти Тоҷикистон ба далели танзими таваллуд ва оила барномаи махсуси давлатӣ барои солҳои 2019 – 2022 қабул кардаанд, ки дар доираи он ҷилавгирӣ аз 450 ҳазор ҳолати ҳомиладории номатлуб, таъмини ройгони воситаҳои пешгирии ҳомиладорӣ, тавсеаи дастрасӣ ба безурётгардонии ихтиёрӣ дар навоҳии кишвар ва тарбияи ҷинсию тарғиби тарзи ҳаёти солим дар назар гирифта шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042995924_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_1f90c729cb4c372b4b2a010f61bb1a81.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳолӣ, рушди аҳолӣ, тоҷикистон
аҳолӣ, рушди аҳолӣ, тоҷикистон
Тасвири таносуби аҳолӣ дар Тоҷикистон: занон каманд
20:30 20.10.2021 (Навсозишуда: 10:38 21.10.2021) Афзоиши босуръати аҳолӣ дар Тоҷикистон боиси нигаронии давлату демографҳо шудаааст
Шумораи аҳолии Тоҷикистон то якуми октябри соли 2020 9 миллиону 661 ҳазору 600 нафарро ташкил дод.
Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ аз соли 2010 ду миллиону 97, 1 ҳазор нафар ё 27,7%, дар қиёс бо маълумот дар бораи шумораи аҳолӣ дар январи соли 2020 347,8 ҳазор нафар ё 3,7% афзоиш ёфтааст.
Бино ба иттилои Агентии омор, то 1 октябри соли 2020 аҳолии шаҳрҳо 2 миллиону 528, 6 ҳазор ё 26,2% ва аҳолии деҳот 7 миллиону 133 ҳазор нафар ё 73,8%-ро ташкил медиҳад.
Теъдоди мардҳо ба 4 миллиону 901 (2010 – 3 миллиону 817) ҳазор ва занҳо 4 миллиону 760 (2010 – 3 миллиону 745,5) ҳазор нафар расидааст.
Фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон” 30 сентябри соли 2020 ба имзо расида буд.
Ин барӯйхатгирӣ бо ҳимояти Сандуқи ҷамъияти СММ (UNFPA), тибқи Барномаи тақвияти омори ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон барои давраи 2020-2023 анҷом шуда, тавассути ҳукумати Русия ба маблағи 2.15 миллион доллар сармоягузорӣ мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон ба далели танзими таваллуд ва оила барномаи махсуси давлатӣ барои солҳои 2019 – 2022 қабул кардаанд, ки дар доираи он ҷилавгирӣ аз 450 ҳазор ҳолати ҳомиладории номатлуб, таъмини ройгони воситаҳои пешгирии ҳомиладорӣ, тавсеаи дастрасӣ ба безурётгардонии ихтиёрӣ дар навоҳии кишвар ва тарбияи ҷинсию тарғиби тарзи ҳаёти солим дар назар гирифта шудааст.