https://sputnik.tj/20211020/taminot-mahdud-havopaymo-suzishvor-tojikiston-1042993691.html
Маҳдудияти таъмини сӯхт ва саргардонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ: Қимати билет чӣ мешавад?
Маҳдудияти таъмини сӯхт ва саргардонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ: Қимати билет чӣ мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Бархе аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз дастрасии маҳдудашон ба маводи сӯхт дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон гила карданд, ки хароҷоти бештари вақту маблағ дар пай дорад
2021-10-20T16:25+0500
2021-10-20T16:25+0500
2021-10-20T16:38+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
парвоз
мавод
сӯзишворӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101973/77/1019737759_0:99:2821:1686_1920x0_80_0_0_26b468d4d4d6f1d5430f70de7200d3cd.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Масъулини ширкатҳои ҳавонарвардӣ мегӯянд, аз нимаи моҳи октябр дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон таъминоти маводи сӯхт (керосин) барои ҳавопаймоҳо маҳдуд шудааст. Як масъули намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Сибир” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд ҳоло таъминоти маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳои ширкати онҳо дар ҳудуди 3 тонна маҳдуд шудааст. Ӯ тавзеҳ дод, ки ин парвоз ба Тошканд ҳудуди ду соат вақти иловагиро мегирад, чун аз масири парвоз тамоман дар канор мебошад. Дар Қирғизистон, ки дар масири парвоз қарор дорад, барои фуруди шаҳрвандони Тоҷикистон маҳдудиятҳо вуҷуд доранд ва имкони гирифтани сӯзишворӣ аз ин кишвар нест, зикр намуд мусоҳиб. Намояндагони ширкати “Урал” ҳам маҳдудияти таъминоти маводи сӯхти ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои Тоҷикистонро таъйид кард. Онҳо изҳор медоранд, ки ночор дар фурудгоҳҳои дигар кишварҳо поин мешаванд, то маводи сӯхт гиранд. Таъкид гардид, ки ин ҳама масрафи зиёди вақту маблағ аст, ки ба қимати билети ҳавопаймо низ таъсир мерасонад.Ширкати таъминкунанди маводи сӯхт дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон феълан ин қазияро шарҳ надодааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, нархи як тонна керосин барои ҳавопаймо дар Тоҷикистон то ба 1500 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ин назар ба кишварҳои дигари минтақа қиматтар мебошад.
https://sputnik.tj/20211020/jahish-narkh-suzishvori-tojikiston-chand-shud-1042989308.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101973/77/1019737759_90:0:2821:2048_1920x0_80_0_0_f95531636146f200a7159a56b9b37ea4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳавопаймо, хароҷот, тоҷикистон, маводи сӯхт
ҳавопаймо, хароҷот, тоҷикистон, маводи сӯхт
Маҳдудияти таъмини сӯхт ва саргардонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ: Қимати билет чӣ мешавад?
16:25 20.10.2021 (Навсозишуда: 16:38 20.10.2021) Бархе аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз дастрасии маҳдудашон ба маводи сӯхт дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон гила карданд, ки хароҷоти бештари вақту маблағро дар пай дорад
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Масъулини ширкатҳои ҳавонарвардӣ мегӯянд, аз нимаи моҳи октябр дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон таъминоти маводи сӯхт (керосин) барои ҳавопаймоҳо маҳдуд шудааст.
Як масъули намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Сибир” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд ҳоло таъминоти маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳои ширкати онҳо дар ҳудуди 3 тонна маҳдуд шудааст.
“Ин миқдор барои парвоз то шаҳрҳои Русия намерасад. Ду рӯз пеш ҳавопаймои ширкат, ки аз шаҳри Владивосток ба Хуҷанд омада буд, барои бозгашт сӯзишвории кофӣ нагирифт. Ночор ба Тошканд, ки дар самти дигар аст, парвоз карда, аз он ҷо керосин гирифта баъд ба Владивосток баргашт”, - гуфт корманди ширкати “Сибир”.
Ӯ тавзеҳ дод, ки ин парвоз ба Тошканд ҳудуди ду соат вақти иловагиро мегирад, чун аз масири парвоз тамоман дар канор мебошад. Дар Қирғизистон, ки дар масири парвоз қарор дорад, барои фуруди шаҳрвандони Тоҷикистон маҳдудиятҳо вуҷуд доранд ва имкони гирифтани сӯзишворӣ аз ин кишвар нест, зикр намуд мусоҳиб.
Намояндагони ширкати “Урал” ҳам маҳдудияти таъминоти маводи сӯхти ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои Тоҷикистонро таъйид кард. Онҳо изҳор медоранд, ки ночор дар фурудгоҳҳои дигар кишварҳо поин мешаванд, то маводи сӯхт гиранд. Таъкид гардид, ки ин ҳама масрафи зиёди вақту маблағ аст, ки ба қимати билети ҳавопаймо низ таъсир мерасонад.
Ширкати таъминкунанди маводи сӯхт дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон феълан ин қазияро шарҳ надодааст.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, нархи як тонна керосин барои ҳавопаймо дар Тоҷикистон то ба 1500 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ин назар ба кишварҳои дигари минтақа қиматтар мебошад.