Шаҳрдории Душанбе барои ишғоли беш аз 20 ҷойи кории холӣ озмун эълон кард: шарту маош

© Sputnik / Сергей Субботин / Гузариш ба медиабонкПортфели
Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе барои ишғоли беш аз 20 ҷойи корӣ дар ҳукумати пойтахт озмун эълон кардааст
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ҳукумати Душанбе бо нашри як иттилоия барои ишғоли беш аз 20 ҷойи холии корӣ озмун эълон кардааст, ки маошашон аз 800 то беш аз 1600 сомониро ташкил медиҳад.
Бар асоси эълони шаҳрдорӣ, мақоми мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе бо маоши 1512 сомонӣ, сармутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе – 1186 сомонӣ, сармутахассиси Раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандон - 1186 сомонӣ холӣ мебошад.
Довталабони мақоми сармутахассиси шуъбаи робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, сармутахассиси шуъбаи иттилооти дастгоҳ, сармутахассиси бахши банақшагирӣ ва хариди давлатии дастгоҳ бо маоши 1186 сомонӣ метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод кунанд.
Две женщины на улице. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Мақомоти Хатлон: Беш аз ҳафт ҳазор зан бекор аст
Дар феҳрасти ҷойҳои холии корӣ инчунин мутахассиси пешбари шуъбаи иттилооти дастгоҳ бо маоши 973 сомонӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо - 973 сомонӣ, мутахассиси шуъбаи назорати дастгоҳ - 800 сомонӣ, мутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳ – 800 сомонӣ, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – 800 сомонӣ, муовини сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи Душанбе бо маоши 1696 сомонӣ зикр шудаанд.
Хоҳишмандони кор дар мақоми сармутахассиси Раёсати тандурустӣ бо маоши 1186 сомонӣ, сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим – 1186 сомонӣ, сармутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии – 1186 сомонӣ, мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанг ва дигар мақомҳои холӣ метавонанд, ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.
Шаҳрдорӣ, ки эълонро 19 октябр нашр кардааст, изҳор доштааст, ки ҳуҷҷатҳо аз довталабон дар муҳлати 21 рӯз метавонанд, ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод кунанд. Суроға барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо - шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80, телефон - 221-35-68 ва почтаи электронӣ - dushanbe80@yahoo.com зикр шудааст.
Лентаи хабарҳо
0