https://sputnik.tj/20211020/rustami-emomali-olimon-tojik-murojiat-1042986256.html
Муроҷиати олимони тоҷик ба Рустами Эмомалӣ: аз шаҳрдор чӣ дархост шуд
Муроҷиати олимони тоҷик ба Рустами Эмомалӣ: аз шаҳрдор чӣ дархост шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ се олими Академияи милли илмҳои Тоҷикистон бо як дархост муроҷиат намуданд 20.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-20T14:00+0500
2021-10-20T14:00+0500
2021-10-20T14:35+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032465196_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_598d0d5524b29936513b6e856c570fa6.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Се олими тоҷик; Саидов, Ҷумъаев ва Партоев ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат намудаанд, ки дар мавзеи Кӯҳдомани пойтахт муҷассамаи "Модар" афрохта шавад, хабар медиҳад сомонаи "Фараж".Бар хабари манбаъ, ин се олим пешниҳод намудаанд, ки дар мавзеи шимолу шарқии шаҳри Душанбе (дар мавзеи Нагорний) як гулбоғ таҳти унвони "Гулгашти модар" таъсис шавад.Олимон изҳори умдворӣ намуданд, ки пешниҳоди онҳоро шаҳрдории Душанбе таҳлил ва ҷонибдорӣ мекунад.Ёдовар мешавем, ки дар саҳни фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд дар ин моҳ бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон аз маҷассамаи "Дуои модар" рӯнамоӣ шуд.Пайкараро Ғафурҷон Ҷӯраев, ҳайкалтарош омода карда, дар пояи он манзараҳои биҳишт тасвир ёфтаанд, ки ба маънои "биҳишт зери қудуми модарон аст".Роҳбари давлат маҷассамаи "Дуои модар"- ро рӯнамоӣ карду ашк рехт.
https://sputnik.tj/20211007/ashk-raisjumhur-zimn-iftitohi-paykara-duoi-modar-video-1042708518.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032465196_48:0:1139:818_1920x0_80_0_0_a5f1379580112fb5a3889a6f7209e73f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, рустами эмомалӣ
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, рустами эмомалӣ
Муроҷиати олимони тоҷик ба Рустами Эмомалӣ: аз шаҳрдор чӣ дархост шуд
14:00 20.10.2021 (Навсозишуда: 14:35 20.10.2021) Ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ се олими Академияи милли илмҳои Тоҷикистон бо як дархост муроҷиат намуданд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Се олими тоҷик; Саидов, Ҷумъаев ва Партоев ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат намудаанд, ки дар мавзеи Кӯҳдомани пойтахт муҷассамаи "Модар" афрохта шавад, хабар медиҳад сомонаи "Фараж".
Бар хабари манбаъ, ин се олим пешниҳод намудаанд, ки дар мавзеи шимолу шарқии шаҳри Душанбе (дар мавзеи Нагорний) як гулбоғ таҳти унвони "Гулгашти модар" таъсис шавад.
"Дар ин боғ муҷассамаи "Модар" тарҳрезӣ гардад, ки дар як дасташ гирдачаи калони нони тоҷикӣ ва дар дасти дигараш кӯдак дошта бошад", - зикр намудаанд олимон дар матни муроҷиати худ.
Олимон изҳори умдворӣ намуданд, ки пешниҳоди онҳоро шаҳрдории Душанбе таҳлил ва ҷонибдорӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар саҳни фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд дар ин моҳ бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон аз маҷассамаи "Дуои модар" рӯнамоӣ шуд.
Пайкараро Ғафурҷон Ҷӯраев, ҳайкалтарош омода карда, дар пояи он манзараҳои биҳишт тасвир ёфтаанд, ки ба маънои "биҳишт зери қудуми модарон аст".
Роҳбари давлат маҷассамаи "Дуои модар"- ро рӯнамоӣ карду
ашк рехт.