Вазорат аз 20 рӯзи нақшаи даъват гуфт: минтақаи ақибуфтода маълум шуд

© Пресс-служба администрации Согдийской областиПроводы в армию таджикских новобранцев
Проводы в армию таджикских новобранцев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Обуна шудан
Аз миёни тамоми манотиқи Тоҷикистон камтарин нишондоди барномаи даъват ба хидмати низомӣ ба вилояти Хатлон рост меояд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон, ки феълан даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ ҷараён дорад, аллакай 52 фисади нақша иҷро гардидааст, хабар медиҳад Вазорати мудофиаи кишвар.
Ба иттилои ин ниҳод, дар давоми 20 рӯзи ҷараёни ин маърака иҷрои барнома дар ҷумҳурӣ 52 фисадро ташкил медиҳад.
Сухангӯи ниҳоди мазкур Фариддун Маҳмадализода қайд намудааст, ки аз миёни вилоятҳо нақша танҳо дар ВМКБ 100 дарсад иҷро шуда ва ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон, Ишкошим, Мурғобу шаҳри Хоруғ дар давоми 10 рӯз баромаи даъват ба сарбозиро такмил кардаанд.
Манбаъ меафзояд, дар вилояти Суғд 41,2 фисади дастури даъват ба хидмати низомӣ иҷро гардидааст.
Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2021
Файзов дар машварати васеъ аз омодагӣ ба даъвати ҳарбӣ гуфт ва супориш ҳам дод
Зимнан аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Носири Хусрав нақшаро пурра иҷро намуда, дар умум вилояти мазкур давоми 20 рӯз 40 фисади барномаро иҷроӣ кардааст.
Гузашта аз ин шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш низ дастури ҷазби ҷавонон ба хидмати ҳарбиро пурра анҷом додаанд. Дар НТМ бошад, мизони иҷрои барнома ба 70 дарсад мерасад.
Душанбе аз 79 фисади иҷро шудани ин дастур гузориш дода ва гуфта мешавад, феълан танҳо ноҳияи Исмоили Сомонӣ минзони иҷрои онро ба 100 дарсад расондааст.
Лентаи хабарҳо
0