Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайри нави автобусҳо боз мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешАвтобус в городе Бухара
Автобус в городе Бухара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Обуна шудан
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ваъда дод, ки автобусҳои транзитӣ байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистонро роҳандозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Автобусҳои транзитӣ байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон роҳандозӣ мешаванд. Хатсайр аз водии Фарғона мегузарад.
Дар ин бора номзад ба президентӣ аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон, президенти кунунии ин кишвар Шавкат Мирзиёев хабар додааст, менависад дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ.

"Дар ояндаи наздик хатсайрҳои транзитии автобусҳо байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон тавассути водии Фарғона роҳандозӣ мешаванд",-гуфт президенти Ӯзбекистон.

Дар доираи вохӯрии пешазинтихоботӣ бо интихобкунандагон Мирзиёев ба сокинон дар бораи рушди нақлиёт ва инфрасохтори муҳандисии вилояти Сирдарё гуфт.
В Минтрансе прошли межправительственная комиссия между Таджикистаном и Узбекистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Созиши Тоҷикистону Ӯзбекистон барои мусофирбарӣ тариқи автобусҳо
Ба гуфтаи ӯ, таъмир ва сохтмони роҳҳои мошингард, инчунин роҳандозии хатсайрҳои нав дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки айни замон ҳаракати автобусҳои байни Тошкант, Самарқанд, Тирмиз, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистону Ӯзбекистон бинобар пандемия қатъ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0