https://sputnik.tj/20211019/chin-sokhtmon-roh-tojikiston-pul-1042957486.html
Чин барои сохтмони роҳ дар шарқи Тоҷикистон пул медиҳад
Чин барои сохтмони роҳ дар шарқи Тоҷикистон пул медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳурии Мардумии Чин барои омодасозии асосҳои техникӣ-иқтисодии сохтмони роҳи Душанбе - Қулма тақрибан 125 миллион доллар ҷудо мекунад 19.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-19T11:15+0500
2021-10-19T11:15+0500
2021-10-19T11:20+0500
дар тоҷикистон
чин
нақлиёт
сохтмон
қулма
таъмири роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0f/1040230018_0:161:3068:1887_1920x0_80_0_0_d9ef072613c089f164ed224c94e01209.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Пекин ба Душанбе барои омода кардани умури техникӣ ва иқтисодии қитъаи Қалъаи - Хумб - Ванҷи шоҳроҳи Душанбе - Қулма ба Тоҷикистон кумаки бебозгашти молӣ хоҳад кард, хабар медиҳад, хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон. Вакилони Маҷлиси намояндагон аллакай масъалаи тасвиби Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин дар бораи расонидани кумаки бебозгаштро, ки моҳи июли соли равон ба имзо расидааст, баррасӣ кардаанд. Ин созишнома расонидани кумак ба Тоҷикистонро дар ҳаҷми 800 миллион юан (тақрибан 125 миллион доллар) пешбинӣ мекунад.Ин маблағ барои сафарбар кардани коршиносони чинӣ дар ҷиҳати омода кардани лоиҳаи асосноккунии техникӣ-иқтисодии қитъаи дар боло зикргардидаи роҳ масраф мешавад. Тӯли ин қитъаи роҳи Қалъаи Хумб - Ванҷ 80 километр аст. Маълум аст, ки дар таъмиру бунёди роҳ сохтмони ду нақб ба масофаи 5,2 километр, зиёда аз 60 обпарто, боз панҷ долони муҳофизатӣ, 15 пул ба дарозои зиёда аз 600 метр пешбинӣ шудааст. Илова бар ин дар масофаи 54 километр деворҳои муҳофизатӣ қомат рост мекунанд. Ҳамин тариқ, тибқи ҳисобҳои пешакии Вазорати нақлиёт, барои амалисозии лоиҳаи азнавсозии қитъаи роҳи Душанбе - Қулма тақрибан 228 миллион доллар лозим аст.
https://sputnik.tj/20211016/nigaroni-rahimzoda-kor-kamerahoi-nazorati-1042907469.html
чин
қулма
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0f/1040230018_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_c3d806cc8ef1603e89f4da00bbe16259.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, чин, нақлиёт, сохтмон, қулма, таъмири роҳ
дар тоҷикистон, чин, нақлиёт, сохтмон, қулма, таъмири роҳ
Чин барои сохтмони роҳ дар шарқи Тоҷикистон пул медиҳад
11:15 19.10.2021 (Навсозишуда: 11:20 19.10.2021) Ҷумҳурии Мардумии Чин барои омодасозии асосҳои техникӣ-иқтисодии сохтмони роҳи Душанбе - Қулма тақрибан 125 миллион доллар ҷудо мекунад
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Пекин ба Душанбе барои омода кардани умури техникӣ ва иқтисодии қитъаи Қалъаи - Хумб - Ванҷи шоҳроҳи Душанбе - Қулма ба Тоҷикистон кумаки бебозгашти молӣ хоҳад кард, хабар медиҳад, хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон.
Вакилони Маҷлиси намояндагон аллакай масъалаи тасвиби Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин дар бораи расонидани кумаки бебозгаштро, ки моҳи июли соли равон ба имзо расидааст, баррасӣ кардаанд.
Ин созишнома расонидани кумак ба Тоҷикистонро дар ҳаҷми 800 миллион юан (тақрибан 125 миллион доллар) пешбинӣ мекунад.
Ин маблағ барои сафарбар кардани коршиносони чинӣ дар ҷиҳати омода кардани лоиҳаи асосноккунии техникӣ-иқтисодии қитъаи дар боло зикргардидаи роҳ масраф мешавад.
Тӯли ин қитъаи роҳи Қалъаи Хумб - Ванҷ 80 километр аст. Маълум аст, ки дар таъмиру бунёди роҳ сохтмони ду нақб ба масофаи 5,2 километр, зиёда аз 60 обпарто, боз панҷ долони муҳофизатӣ, 15 пул ба дарозои зиёда аз 600 метр пешбинӣ шудааст.
Илова бар ин дар масофаи 54 километр деворҳои муҳофизатӣ қомат рост мекунанд.
Ҳамин тариқ, тибқи ҳисобҳои пешакии Вазорати нақлиёт, барои амалисозии лоиҳаи азнавсозии қитъаи роҳи Душанбе - Қулма тақрибан 228 миллион доллар лозим аст.